Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъво бо Ройзман давом дорад


Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав

Рӯзномаи «Время новостей» чопи Маскав дар шумораи рӯзи душанбе хабар дод, ҳаштод дар сади сокинони Екатеринбург хостори раҳандозии дарзамонии низоми раводид бо Тоҷикистон ва ихроҷи тоҷикон аз минтақа шудаанд. Ҳамзамон додситони ноҳияи Октябр дар қиболи роҳбарони маркази «Шаҳри бидуни маводи мухаддир» бо қазияи барангехтани низоъи миллӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Парванда дар ҷавоб ба дархости иттиҳодияи иҷтимоии тоҷикони муқими Екатеринбург ифтитоҳ шудааст.
Аммо раиси иттиҳодия Фаррух Мирзоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Маскав ин хабарро такзиб кард. Вай гуфт, дар ҳақиқат аз мақомоти вилоят ба додситонӣ супориш шудааст, ки агар дар аъмоли ташкилкунандагони митинги зиддитоҷикии рузи 10-уми май нишонаҳои ҷиноят мушоҳида шавад, парванда боз карда шавад ва аммо ҳанӯз парванда боз нашудааст ва аз иттиҳодияи мо касе ба додситонӣ даъват нашудааст.
Фаррух Мирзоев ҳамзамон дурустии хабари рӯзномаро дар бораи назарпурсии анҷомдодаи Маркази мутолиоти раҳбурдии вилоят зери суол бурд. Рӯзнома ба нақл аз марказ менависад, 80 дар сади шаҳриён хостори низоми дарзамонии раводид бо Тоҷикистон ва ихроҷи тоҷикон аз минтақа ҳастанд. Аммо Фаррух мегӯяд, мардуми минтақа ва мақомоти вилоят ба ҳузури тоҷикон мухолифат надоранд. Вай афзуд, ахиран волии Свердлов Эдуард Россел тайи як суханронии худ Тоҷикистонро шарики стратегӣ ва мардуми Тоҷикистонро дусту бародар номид ва эълом дошт, вилоят ҳарсола ба 70 ҳазор нирӯи корӣ ниёз дорад. Дар минтақа беш аз 120 миллат зиндагӣ дорад ва мақомот аз ҳар гуна ангезаи миллатпарастона ҷилавгирӣ хоҳад кард.
Ёдоварӣ мешавад, идеяи ихроҷи тоҷикон аз Екатеринбург ва низоми раводид бо Тоҷикистон бори аввал дар митинги рӯзи 10 май аз сӯи раиси маркази «Шаҳри бидуни маводи мухаддир» Андрей Кабанов ва раиси собиқи марказ Евгений Ройзман, депутати Думаи давлатии Русия садо дод. Онҳо тайи суханони худ тоҷиконро тоҷири маводи мухаддир ,муҷоҳид, таҷовузкор ва барои амнияти минтақа хатарнок номиданд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав
XS
SM
MD
LG