Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қавми Од дар Ҳулбук мезист?


Ҷалолиддини Фарҳодӣ аз ноҳияи Восеъ

Ҳафриёти навбатӣ дар кохи Шоҳони Ҳулбук барои бостоншинсон саҳафоти нави таърихи диёрро боз кард. Бостоншиносон собит карданд, ки ин марзу бум таърихи тулонии беш аз 3000 сола дорад. Хабанигори Радиои Озодӣ ҳини як амали ҳафриётӣ бо таърихшиносон дар мавзеъ буд. Абдулло Хоҷаев, муовини раиси мамнӯъгоҳи таъриху фарҳангии Ҳулбук, пас аз иҷозаи расмӣ маро вориди қуруни томилодӣ мекунад. Дар нахуст ману роҳбаладам ба баландии беш аз 30 метрӣ пойтахти «Шерони Ҳайталӣ» мешавем ва пас аз чанд коху биноро гузаштан, вориди як жарфно мегардем. Баробари пойин шудан ба ин макон Абдулло маро огоҳ мекунад, ки ҳар қадами гузоштаи мо саду ҳазорсолаҳоро мепайвандад. Ва мо оҳиста, хеле боэҳтиёт аз асри 21 мелодӣ - қарни кайҳону интернет вориди асри миёна, сипас замони Юнону Бохтар ва баъдаҳу асри биринҷ мегардем. Ҳамакнун мо дар мавзеъе қарор дорем, ки се ҳазор сол қабл аз мелод одамон ба сар мебурдаанд. Абдулло Хоҷаев ба 3 хатти кашидаи боло ишора карда, мегуяд, ки хатти якум ба замони Ҳулбуки асри 8-9 рост меояд ва меафзояд: «Қабати дуввуме, ки ҳаст ва мебинед, ин қабати дувуниметра аст, аз он поин як қабати сӯхташуда, ё худ хокистаргардидаро мебинед, ки он ба замони Юнону Бохтариён рост меояд ва беш аз ду ҳазор сол дорад. Дар қабати охир, ки 3 метру 40 сантиметр поинтар аст ва ба сари биринҷ рост меояд, мо ба ҷасадҳои одамон дучор омадем.»
Мусоҳиби ман, устухонхои бозёфтаро ба ман нишон дода, онҳоро муаррифӣ мекунад. Ман бостоншинос нестам, аммо мебинам, ки ҷасади ин мардум хеле бузургҳаҷм аст. Абдулло мегӯяд, ки ниёгони мо, ки ҳудудан се ҳазор сол пеш дар ин мавзеъ ба сар мебурдаанд, мардуми хеле болобаланду бузургқомат будаанд: «Ин ҷасад аз асри биринҷ аст. Ин зан аст ва чӣ хеле мебинед, қадди ӯ аз 2 метру 35 сантиметр дарозтар аст. Марҳамат агар хоҳед, ин ҷадвалро бигиред ва чен кунед, агар ба ман бовар надоред. Аммо ин 2 ҷасади дигар, ки дар қисмати ҷанубу- ғарбӣ ҷойгир шудаанд, марданд. Қомати онҳо аз 2 метру 65 сантиметр дарозтар аст. Ва агар ба ин устухонпораҳо хаёлан гӯшту пӯст ва бозуву мушак зам кунему онҳоро бо кулоҳи худ, либосу афзор бубинем, муайян мегардад, ки аҷдоди мо хеле ва хеле мардони бузургҳаҷм будаанд».
Ҷасади мардони қоматбузургу занҳои болобаланд, ки яке бо силоҳу дигаре бо ороишоти бонувона ва саввумӣ бо кӯзаву ҷом гӯронида шудаанд, даврашакл мадфунанд. Абдулло мегӯяд, ки дар асри биринҷ, замони адами адён ҷасадро чун дар ботини модар ба дасти хок дода, пешаш ғизои дӯстдоштаашро мегузоштаанд, ҳамчун тӯшаи охират: «Боз як исботи ба давраи биринҷӣ то мелодӣ мутааллиқ будани ин ҷасадҳо ин аст, ки даруни гӯр, болои сари онҳо ғизои дӯстдоштаи онҳоро мегузоштаанд, ки дар он дунё гурусна намонанд. Мана бинед, дар ин табақҳои пӯлодин болои сари ин ду мард, устухони ҳайвон гузошта шудааст, яъне инҳо дар зиндагонӣ гӯштро дӯст медоштаанд.»
Бостоншиносон мегӯянд, ин мардум бар асари набардҳои шадид фавтидаанд. Дар ин жарфно маро эҳсосе фаро мегирад, ки воқеан худро дар он майдонҳои набарди ҳазорсолаҳои то милодӣ мебинам. Ва туи гӯш садои зеҳи камону суми аспони ҷангӣ ва табарзину гурзу каманд, гиру дор бизан бигири асрҳо тавъам бо абёти Фирдавсии Тусӣ садо медиҳад:
«Зи суми сутурон дар он паҳндашт,
Замин шаш шуду осмон гашт ҳашт»
Абдулло маро аз олами хаёл вораҳонида, хеле боэҳтиёт сағонаи ниёкон, устухонпораҳоро пӯшида, мегӯяд, ки дар сурати расидани боду ҳаво онҳо ба хокистар табдил меёбанд. Ман намедонам, ин мардони ҳудудан се метр боло ва занҳои бо қади дувуним метр ба кадом худову кадом дини соддалавҳонаи ибтидоӣ бовар доштаанд, аммо даст ба дуо мекашаму пеши рӯҳи ишон узр мепурсам, ки хоби абади ишонро барои сабти таърихи диёр бостоншиносон ва ман ҳам барои як гузориш халалдор кардаем.
XS
SM
MD
LG