Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон иҷрои ҳукми қатлро муттавақиф кард


Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 2 июн бо иттифоқи оро Қонуни боздоштани татбиқи ҷазои қатлро қабул кард. Шермуҳаммад Шоев, намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар парлумони кишвар, гуфт, боздоштани иҷрои ҷазои истисноӣ як иқдоми сиёсии раисиҷумҳур мебошад, ки ба манзури мутобиқсозии қавонини кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ ва риояти арзишҳои демократӣ сурат гирифтааст: "Сарчашмаи асосии тавлид шудани ин пешниҳод ва таҳия гардидани ин қонун аз он иборат мебошад, ки соли гузашта баъди ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда шуд ва бо дарназардошти таҷрибаи аксар кишварҳои давлати дунё, ки аз қонунгузории худ ин намуди ҷазоро хориҷ кардаанд, ё ин ки доир ба ин намуди ҷазо мораторий эълон кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳамин роҳ пеш меравад. Қонуне, ки имрӯз парлумони кишвар қабул кард, маънои онро дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои қатл татбиқ карда намешавад ва нисбати таъйин кардани ин намуди ҷазо мораторий эълон карда мешавад."
Маҷлиси Намояндагон дар як соли пеш чанд моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистонро, ки ҳукми қатлро пешбинӣ мекарданд, тағйир дод. Ва Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир танҳо дар панҷ маврид ҳукми қатлро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла барои ҷиноёти сангине, чун одамкушӣ, терроризм, таҷовуз ба номус, геносид ва ниҳоят биосид.
Шерхон Салимов, узви кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагон, гуфт, новобаста аз он ки кишвари мо дар як марҳалаи баъди ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад, вазъияти феълии Тоҷикистон барои эъломи мораторий ба ҷазои қатл созгор мебошад: "Аз нигоҳи ман ҳукми ҷазои қатл ҳам марҳалаи худро дошт ва он роли худро бозӣ кард ва имрӯз ҷамъият бисёр хуб ба эътидол ҳам омадааст ва таърихи тамаддуни башар гувоҳ аст, ки хеҷ вақт танҳо бо роҳи ҷазо, танҳо бо роҳи пурзӯр намудани зӯроварӣ пеши роҳи ҷинояткорӣ ва ҳар гуна қонуншиканиро гирифтан мумкин нест. Мувофиқи қонунҳое, ки мо имрӯз қабул кардем, татбиқи ҷазои қатл аз рӯи ин ҷиноятҳо ҳам боздошта шуд ва дигар татбиқ карда намешавад."
Ба ҳамин тартиб маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон ҷазои истисноиро дар Кодекси ҷиноӣ ба биступанҷ соли маҳрумият аз озодӣ иваз кард. Аммо дар қонуни мазкур ба сурати мушаххас гуфта нашудааст, ки боздоштани иҷрои ҳукми қатл то чӣ замон амал хоҳад кард.
Вале Шермуҳаммад Шоев, намояндаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар парлумони кишвар, гуфт, мақомоти зиддахли кишвар дар оянда масъалаи дар қонунгузории кишвар боқӣ мондани ин навъи ҷазо ва ё ба ҷазои дигар иваз кардани онро ҳаллу фасл хоҳанд кард.
Абдуқайюми Қайюмзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG