Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мошин аз Қулма гузашт


Нахустин мошини ҳомили бор тавассути гузаргоҳи бозшуда дар ағбаи Қулма аз марзи Тоҷикистону Чин убур кардааст. Мақомоти гумрукии Бадахшон мегуянд, бори ин мошин ба тоҷири душанбегӣ Дилшод Давлатов ва ҳамсари у Гавҳарой тааллуқ дошта, мошинро ронандае аз вилояти Шинҷон-Уйғури Чин ронандагӣ мекард.
Нахустин маҷмуъаи борҳои воридшуда аз роҳи гузаргоҳи Қулма аз 3 минибуси дорои 7 ҷойи нишаст, 61 яхдони хурд, либосҳои кудакона ва зарфҳои шишагину телевизори ранга иборат будааст.
Дилшод Давлатов гуфтааст, роҳи Чин тавассути ағбаи Қулма назар ба роҳе, ки аз хоки Қазоқистон мегузарад, 2 маротиба кутоҳтар буда, ҳамлу нақли молу коло аз ин роҳ барои тоҷирони тоҷик бо 25-30 фоиз масрафи камтар тамом мешавад.
Мирзоҷалоли Шоҳҷамол
XS
SM
MD
LG