Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия танҳо 13 000 муҳоҷири тоҷик сабти расмии ном доштааст


Михаил Кравченко, муовини раиси хадамоти муҳоҷирати Русия дируз дар Душанбе гуфт, солона аз 400 то 600 000 шаҳрванди Тоҷикистон бо талаби кор ба Русия меравад, вале аз ин шумор танҳо 13 000 нафар расман сабти ном шудаанд.Намояндаи Русия аз давлати Тоҷикистон даъват кард, аз муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандонаш ба Русия пешгирӣ кунад, чунки муҳоҷири ғайриқонунӣ як туъмаи осон барои мақомоту тоҷирони фосид дар Русия хоҳад шуд.
Михаил Кравченко дар анҷоми нишасти Шурои машваратии кишварҳои муштаракулманофеъ дар умури муҳоҷират ва нируи кор дар вартаи беҳуқуқӣ барҷой мондани бисёри муҳоҷиронро тасдиқ кард, вале гуфт, танҳо муҳоҷирони қонунӣ метавонанд таҳти ҳимояти ҳуқуқӣ бошанд, аммо на онҳое, ки бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои ёфтани ҷойи кор ба Русия омадаанд.
Муовини раиси хадамоти муҳоҷирати Русия зимнан ба зарурати таъсиси як маркази ҳуқуқӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъкид карда гуфтааст, таъмини муҳоҷирон бо ҷойи кор ва ҳимояти ҳуқуқии онҳо аз ҳадафҳои аслии фаъолияти ин марказ буда метавонист. Вай афзуд, ин масъаларо бо мақомоти вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон низ гуфтугу кардааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG