Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон дар масъалаи марз ба Русия шадидан фишор меорад"


Раиси кумитаи байналмилалии Думаи давлатии Русия Константин Косачёв дар як суҳбати мустақим тавассути радиои "Эхо Москви" гуфтааст, Тоҷикистон ба манзури то охири сол берун кардани марзбонони рус аз марзҳои ин кишвар болои Русия шадидан фишор меорад. Константин Косачёв гуфтааст, аз Тоҷикистон рафтани марзбонони рус ба маънии ба марзҳои Русия расидани хатари маводи мухаддир хоҳад буд. Бино ба гузориши ожонсии русии "Интерфакс", вакили парлумони Русия зимнан тавони марзбонони тоҷик барои ҳифозати марз бо Афғонистонро таҳти шубҳа мегузорад.
Аммо муовини раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҳомидов дируз ба ожонсии "Азия Плюс" гуфт, масъалаи хуруҷи билофосилаи гурӯҳи марзбонии Русия аз ҳудуди Тоҷикистон аслан гузошта нашудааст. Оқои Ҳомидов дар ин суҳбат хабари аз 24 май оғоз шудани маъракаи хуруҷи марзбонони рус аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро мукарраран такзиб кард.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG