Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қонуни интихоботи Тоҷикистон дар мулоқоти аҳзоб бо сафирони САҲА


Дар мулоқоти намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон бо сафирони панҷ кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки зимни як сафари корӣ дар Душанбе ба сар мебаранд, масъалаи омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ ва қабули қонуни нави интихобот баррасӣ шудааст. Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон зимни ин мулоқот аз ин ки барои баррасии лоиҳаи қонуни ҷадиди интихобот ба ҷаласоти парлумон даъват нашудаанд, изҳори нигаронӣ кардаанд.
Гуфтанист, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми солонаи худ ба порлумон ба аҳзоби сиёсӣ ваъда дода буд, ки баррасии тарҳи қонуни нави интихоботи Маҷлиси Олӣ бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар порлумон сурат хоҳад гирифт.
Ба назари намояндагони бархе аз аҳзоби сиёсӣ, тарҳи нави қонуни интихобот, ки аз суи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ироа шудааст, дар чанд маврид бо асноди байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муғоират дорад.
Аммо Давлаталӣ Давлатов, муовини аввали раиси ҲХД, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, дар вокуниш ба ин назари намояндагони аҳзоби мухолиф гуфт, ки тарҳи пешниҳдии онҳо бар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин замина таҳия шуда, бо санадҳои байналмилалӣ дар муғойират нест.
Дар ин дидор намояндагони аҳзоби сиёсии мухолифи давлат аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дархост кардаанд, ки ҷиҳати мутобиқ кардани қонуни нави интихоботи маҷлиси Тоҷикистон бо меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ мусоидат кунад.
Дар ҳамин ҳол, хонум Эвелин Пакслӣ, раиси ҳайъати суфарои панҷ кишвари узви САҲА аз Канада гуфт, дафтари назорат бар ҳуқуқи башари ин созмон воқеъ дар Варшава зимни ошноӣ бо тарҳи мазкур ихтилофоти он бо асноди байналмилалиро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод кардааст: "Бархе эродҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон низ дар мавриди таноқузоти лоиҳаи ҷадиди қонуни интихобот бо эродҳои САҲА мутобиқат дорад. Ва мо ба ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон тавсия додем, ки эродҳои САҲА- ро ҳангоми баррасии тарҳи ниҳоии ин қонун ба эътибор бигиранд."
Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегуянд, дар ҳоле, ки хулосаи ниҳоии ҳукумат ба порлумон дар бораи тарҳи нави қонуни интихобот ироа шудааст, дигар ширкати онҳо дар иҷлосияи парлумон ба ин манзур чандон аҳамияте нахоҳад дошт.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG