Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад...


Рузи 25 май дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии кишвар садои занги охир садо дод. Ин руз ба руи даҳҳо ҳазор кудак дарҳои таътили тобистона ва се мохи фориғболиву хуширо кушод. Аммо ба назар мерасад, ки 230 тан аз муҳассилини мактаб-интернати ҷумҳуриявии амрози полиомиелит ё худ варами ҳароммағз ин занг ва ин рузро хуш қабул надоштаанд.
Мактаб-интернати мазбур, ки дар мавзеъи биҳиштосои дараи Алмосии Ҳисор ҷойгир аст, барои 230 бошандаи он воқеан як мавзеъи биҳиштӣ будааст. Зеро ин кудакон, ки маъюби модарзодианд, маҳз дар ҳамин гуша аз таҳқиру тазйиқи ҳамсолон канор мемонанд. Яке аз онҳо мегунд: "Мисол, мо худро хуб ҳисс мекунем, ки дар ин ҷо касе ба ҳоли мо намехандад, зеро ҳама маъюбем. Аммо дар деҳот моро масхара мекунанд. Ман Комилов Суҳайло аз деҳаи Мортеппаи Ҳисорам. Ман ба мактаби умумӣ барои он нарафтам, ки маро поям дард мекунад ва маро мазоҳ мекунанд, механданд ҳамсолон."
Аз Ҳисору Хатлону Бадахшону Зарафшон атфоли маъюбро ба ҳамин мактаб меоранд.
Ҳасан Назаров, ҷонишини директори мактаб мегуяд, ки дар ин мадраса кудакон на танҳо илм меомузанд, балки аз табобату маҳс ва машқҳои барқароркунии иллат низ бархурдоранд.
Ва аммо полиомиелит ё ба истилоҳи мардумӣ, шалдард даво надорад. Ин кудакон сад дарсад шифо намегиранд. Аммо ба онҳо инро намегӯянд. Онҳо дар ин мактаб аз ғамхории падаронаи мударрисин бархурдоранд. Гузашта аз ин онҳоро касе нороҳат намесозад ва намехандад ва таҳқир намекунад. Онҳо маҳз дар ҳамин мактаб ба истилоҳ гунҷишки сафед нестанд,. Зеро дар ин мактаб ҳама маълуланд.
Дар ин мавзеъ ба истилоҳи худи атфол, мардуми сиҳҳатманд нест, ки ба ҳоли маълулон бихандад. Масъулин қатъан роҳи кудакони бегазандро ба ин даргоҳ бастаанд, ки атфоли маълул руҳан шикаст набинанд.
Мактаб-интернат соли 1961 ифтитоҳ ёфтааст ва аммо бинои нави таълимии он, ки дар Осиёи Вусто назир надорад, соли 1983 эъмор ёфт. Мактаб бо ҳифзи имконоти атфоли маълул онгуна сохта шудааст, ки аз як ошёна ба ошёнаи дигар метавон роҳат ва бидуни зинапоя баланд шуд. Мударрисин мегуянд, ин роҳҳо барои атфолест, ки бидуни асо ва ароба роҳ гашта наметавонанд. Хабарнигори Радиои Озодиро шарту шурути мактаб ба ваҷд овард: хобгоҳҳои тамиз, синфхонаҳои нав, лабораторияҳои кимиёвӣ ва физикӣ, риёзӣ, машқгоҳҳо, ошхонаи барҳаво, боғу роғ ва дигару дигар.
Ва аммо ба ин кудакон, ки маълули модарзод ва гоҳе ноқисулақланд, барномаҳои махсуси омузишӣ лозиманд, ки аз онҳо кор бигиранд. Ҳусейн Меликов, мударриси мактаб мегуяд: "Дарки зеҳнии инҳо норасотар аст. Барои ин кудакон дастуру китобҳои махсус лозиманд, ки мо онҳоро алъон надорем ва аз руи барномаи умумӣ ба онҳо дарс мегуем."
Ман вориди синфхонаҳое мешавам, ки ҳатто муаррифии онхо гушнавоз нест:
Як хонанда синфро ингуна муаррифӣ мекунад: "синфи 10-и полиомиелит."
Синфхонаҳо вобаста ба иллати кудакон номгузорӣ шудаанд. Барои ин кудакон хатми мактабе, ки дар он ҳама шароит муҳайё будааст, қариб ба фоҷеа баробар аст. Зеро аксари онҳо бо имконоти зеҳние, ки доранд, ба макотиби олӣ шомил шуда наметавонанд. Ин ҷавонон то ҳол таҳқиру масхараи ҳамсолон, ҳамдеҳагони худро дар ёд доранд. Онҳо мегуянд: "Ман Зоҳиршоҳ ном дорам, аз Шаҳринав. Дар Шаҳринав шароит набуд, дар мактаб ҷои хондан мо рузи дароз кор мекардем. Дар ин ҷо шароит хуб аст". "Ман Ҳусниддин ном дорам. Аз Шаҳритус. Ман барои он дар Шаҳритус нахондам, ки ба ҳолам механдиданд, барои ҳамин ба ин ҷо омадам. Шароити ин ҷо 100 % хубтар аст."
Ва аммо хатмуттаҳсилони ин мактаб ҳам орзу доранд. Аз онҳо суол мекунам, ки дар оянда кӣ шудан мехоҳанд?
Яке мегуяд, ки бухгалтер ё худ муҳосиб будан мехоҳаду дигарӣ - табиб. Танҳо як нафар, ки он ҳам ятим мондааст, гуфт, ки мехоҳад дар оянда ба литсей - интернати маълулони шаҳри Душанбе шомил гардад ва аз идомаи таҳсил кор бигирад. У мехоҳад, устои радиову телевизион шавад.
Барои ин ҷавонони маълул, ки ҳамакнун имтиёзҳои онҳо ҳам аз суи ҳукумат барҳам зада шуд, воқеан мушкилоти беш аз пиндор дар пеш аст. Бархе аз онҳо на танҳо роҳ гашта, балки нон хурда ҳам наметавонанд. Бархе пойи рав надорад, зумрае ду даст ва нафароне ҳам аз дасту ҳам аз пои солим махруманд. Аммо барои ин ҷавони маълул, ки ин сурудро мехонад, ҳаёт мушкили наве эҷод кардааст. У дигар танҳост. Модари у, ягона ғамгусораш аз олам гузаштааст:
"Иди Навруз омаду модари ҷонам куҷост?
Он гули себаргаву он гулбаҳори ман куҷост?
Орзу доштӣ, модарам, аруси наврузӣ кунӣ,
Марг омад, бурд туро, аруси наврузӣ куҷост?"
Аз 230 толибилми мактаб беш аз 50 тан духтаронанд. Ситора ва Дилором мегуянд, ки аз бозгашт ба зодгоҳ, ва он ҳам ҳатто барои се моҳи таътил ор доранд. Онҳо мегуянд, аз олами сиҳҳатмандон ранҷудахотир дар ин олами пинҳон дар зери осмони дараи Алмосӣ паноҳ бурдаанд:
"Ман Дилором Бекназарзода, аз ноҳияи Ёвонам. Ман дар мактаби сиҳҳатон мехондам, маро инвалид мегуфтанд ва ман аз духтарони сиҳҳат шарм медоштам. Ман дугонаҳо аз онҳо надоштам, зеро маро механдиданд."
"Ман Ситора, аз Ҳисор. Мактаби мо ҳам дур буду ҳам ман шарм медоштам, ки бо духтарони сиҳҳат хонам, аз онҳо шамр медорам, зеро пои ман каҷ аст."
Ин дар ҳолест, ки кудакони маълул аз ҳар намояндаи ҷаҳони сиҳҳатманд бо хушнудӣ истиқбол мегиранд ва бо чанд забоне, ки медонанд, моро хайрамақдам мегуянд.
Ва аммо ин моем, ки ҳам имтиёзҳои маълулонро, ҳам коргоҳҳои онҳоро барҳам задаем ва онгуна онҳо аз мо ҳарос доранд, ки дараи Алмосиро барои худ биҳиштаке мепиндоранд, ки бозгашт аз он суи ақрабо ва ҳаммеҳанон барояшон баробар бо фоҷиъа аст.
Ҷалолиддини Фарҳодӣ, аз дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор
XS
SM
MD
LG