Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳероин ба Русия умдатан аз роҳи Тоҷикистон ворид мешавад"


Як намояндаи хадамоти федеролии мубориза бо маводи мухаддири Русия ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, қаламрави Тоҷикистон як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русия боқӣ мемонад.
Манбаъи "Интерфакс" мегуяд, аз 78 нафари имсол бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Русия боздоштшуда 48 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон буда, аз ин афрод 205 кило ҳероин гирифта шудааст. Соли гузашта аз ҷамъи қочоқбарони маводи мухаддир аз Осиёи Марказӣ, ки дар Русия боздошт шуданд, нисфаш низ аз мардуми тоҷик буд, афзудааст ин манбаъ дар суҳбат бо "Интерфакс".

Гуруҳи марзбонии Русия дар Тоҷикистон дируз хабар дод, ки шаби душанбе ба сешанбе дар минтақаи Маскави марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 4 марзшикани мусаллаҳ аз тири марзбонони рус кушта шуд. Аз маҳалли даргирӣ ду халта маводи мухаддир кашф шудааст.

Ва маъмурони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегуянд, тайи 2 амалиёти вижа дар шаҳри Душанбе 22 кило ҳероин кашф ва мусодира кардаанд. 6 кило ҳероин аз ду нафар зодагони ноҳияи Вахшу шаҳри Кофарниҳон гирифта шудааст.
16 килои дигари ин навъи сахттаъсири маводи мухаддир аз мошине ёфт шуд, ки ба сокини ноҳияи Темурмалик, Совети собиқ Пайрав Саидалиев ва шаҳрванди ҷумҳурии Чеченистони Русия Абдӣ Тепсурхаев тааллуқ доштааст.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG