Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созишномаи муҳоҷират билохира кай ба имзо мерасад?


Тарҳи созишномаи дуҷонибаи муҳоҷират байни Русия ва Тоҷикистон аз суи ҳукумати Русия тасдиқ шуд ва умед аст, тайи соли равон ҳарду ҷониб онро ба имзо мерасонанд. Ин матлабро Вадим Густов, раиси кумитаи Шурои Федератсияи Русия дар умури кишварҳои муштаракулманофеъ дар суҳбат бо рузномаи "Труд", чопи Маскав эълом кардааст.
Ва аммо Александр Чеботарев, муовини раиси дастгоҳи кумита, хабари рузномаро тасдиқ накард. Оқои Чеботарев мегуяд, ман чунин созишномаро надидаам, Густов ҳам онро надидааст, вале медонам, ки чунин созишнома дар дасти кор аст. Ба ақидаи вай, шояд рузнома суҳбати Густовро таҳриф кардааст.
Ба сабаби дар маъмурият будани Вадим Густов ошкор кардани ҳақиқати ҳол муяссар нашуд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия низ дар бораи тасдиқ шудани тарҳи созишномаи танзими масоили муҳоҷират аз суи ҳукумати Русия хабаре дар даст надорад.
Аммо Талбак Назаров, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар суҳбат бо рузномаи "Независимая Газета"-и чопи Маскав дар мавриди созишномаи муҳоҷират гуфтааст: "Мутаассуф, ин ҳуҷҷат моҳи аввал нест, ки дар кадом як идораи Русия беҳаракат хоб аст. Бино ба иттилоъи мо, имзои ин созишномаро дар Маскав ба масоили сирф сиёсӣ бастагӣ медиҳанд."
Дар тавзеҳ ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, лозим ба ёдоварист, ки оқои Иброҳимов, муовини раиси департамети вазорати умури хориҷии Русия рузи 27 апрел дар ҷааёни дуввумин ҷаласаи комиссияи байнипарлумониии Русияву Тоҷикистон дар Думаи Давлатии Русия дар ҳузури намояндагони парлумони Тоҷикистон эълом дода буд, ки Русия шартномаи танзими муҳоҷиратро ҳамроҳ бо се созишномаи ҳамкории низомӣ имзо хоҳад кард. Намояндаи вазорати умури хориҷии Русия мегуяд, барои Русия ва Тоҷикистон имзои шартнома дар бораи пойгоҳи низомӣ аҳамияти бештар дорад.
Аммо Талбак Назаров дар суҳбат бо рузномаи "Независимая Газета" гуфтааст, усулан касе аз ташкили пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон даст накашидааст.
Ва аммо чанд сол аст, ки ба иллати ба бунбаст рафтани гуфтугуҳои низомии Маскаву Душанбе ҳазорон оворагони тоҷик дар саросари Русия ҷафои беҳуқуқӣ мекашанд ва сарнавишти онҳо як мавзуъи саргармкунанда барои расонаҳои хабарие чун рузномаи "Труд" шудааст.
Муҳаммадраҳими Сайдар
XS
SM
MD
LG