Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз 4 ҳукми қатл дар Тоҷикистон иҷро шудааст


Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, ҳукми қатли чор маҳкумшуда дар Тоҷикистон дар моҳи гузашта ба иҷро расида, ин хатар эҳтимолан ба чор маҳкумшудаи дигар таҳдид мекунад.
Ба иттилоъи Афви Байнулмилал, мақомоти Тоҷикистон бо вуҷуди дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СМ, ки гуфта буд, ин парвандаҳоро баррасӣ мекунад, дар моҳи апрел Раҷабмурод Ҷумъаев, Умед Идиев, Акбар Раҷабов ва Муҳаррам Фатҳуллоевро ба қатл расонданд.
Иҷрои ҳукм ҳамчунин ба Иброҳим Ҳусейнов ва Тоҷиддин Бутаев таҳдид карда, ҳукми қатли Садриддин Пиров ва Аҳмадҷон Саидов эҳтимолан ба ҳабси дарозмуддат иваз шудааст.
Ҳамаи номбаршудагон аъзои гурӯҳи Раҳмон Сангинов, фармондеҳи собиқи Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик, шумурда шуда, бо айбномаи терроризм, гаравгонгирӣ ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ дар моҳи феврали соли 2003 ба қатл маҳкум гаштаанд.
Аммо Афви байналмулал мегӯяд, ба маълумоти он, аксари маҳкумшудагон таҳти шиканҷа ва бадрафторӣ айбномаро пазируфтаанд.
Созмони Афви байнулмилал аз эълони президенти Тоҷикистон дар бораи таҳрими иҷрои ҳукми қатл истиқбол кардааст, вале мегӯяд, эҳтимолан, то қабули чунин қонун, чандин ҳукм иҷро карда хоҳад шуд.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG