"Тоҷикҷангал» корхонаи чӯбу тахтаи Тоҷикистон ҳамкориҳои собиқаи худро бо ниҳодҳои марбутаи минтақаи сибирии Русия аз сар мегирад. Ин мавзуъ охири ҳамин ҳафта дар ҷараёни дидори ҳайъати намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон бо мақомоти шаҳри Иркутск баррасӣ гардид.
Гуфта мешавад, дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ Тоҷикистон ба Иркутск меваҷоту сабзавоти тоза ва консерв таҳвил хоҳад кард. Дар навбати худ Иркутск мутаъаҳид шуд, ки ба Тоҷикистон аз ҷангалҳои Сибир чӯбу тахта мефиристад. Ҳамзамон, масъалаи ташкили корхонаҳои муштараки тавлиди шириниҳои тоҷикӣ ва корхонаи консерв дар Иркутск баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, дар кутоҳмуддат дар Иркутск чойхона ва ошхонаи миллии тоҷикӣ ба кор шурӯъ мекунад.
Бо намояндагӣ аз ҳайъати эъзомии Тоҷикистон Асомуддин Ризоев, муовини аввали раиси "Тоҷикматлубот" дар сӯҳбат ба шабакаи телевизионии Иркутск гуфт, солҳои навад аз Тоҷикистон ба Иркутск беш аз 20 ҳазор тонна сабзавот ва меваҷоти тоза ворид мешуд. Азсаргириии он ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, таъаҳудот дар заминаҳои марбута дар ҷараёни мулоқоти Борис Говорин, волии вилояти Иркутск ва Зайд Саидов, вазири саноати Тоҷикистон соли гузашта дар Маскав ба даст омад буд.
Дар он мулоқот якчанд қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар байни онҳо барқарор сохтани корхонаи «Тоҷикҷангал» аз қарордодҳои асосӣ буд. Тавзеҳ шудааст, "Тоҷикҷангал" дар замони шӯравӣ дар қаламрави Иркутск фаъолияти густурда дошт ва ду корхонаи муҷаҳҳаз бинокории Тоҷикистонро бо чӯбу тахта таъмин мекард. Ва аммо гуфта мешавад, феълан ба кори таҳвили чӯбу тахта ба Тоҷикистон тоҷирони алоҳида машғул ҳастанд. Маблағи тиҷорат дар ин замина хеле кам аст. Ба гуфтаи Андрей Руденко, муовини раиси департаменти ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои муштаракулманофеъ, дар вазорати иқтисод ва тиҷорати Русия, табодули мол байни Русияву Тоҷикистон солона сад миллион доллар баровард шудааст, ки хеле ночиз мебошад. Андрей Руденко ҳамчунин гуфт, яке аз сабабҳои нокифоя будани тиҷорат саддҳои гумрукие мебошад, ки Қазоқистон ва Узбакистон дар роҳи боркашонӣ эҷод карданд.
Гузашта аз ин, набудани тоҷирони тавоно ва дар вақт напардохтани қарз яке аз дигар мушкилоти тиҷорат байни ду кишвар аст. Дар ҳамин ҳол интизор меравад, табодул ва ё ба истилоҳ бартери тавлидоти кишоварзии Тоҷикистон ва масолеҳи бинокории Русия ба афзоиши гардиши мол байни ду кишвар шояд мусоидат намояд, дар ҳоле, ки коршиносон мегуянд, аз 15О созишномаи ҳамкории Русияву Тоҷикистон аксари онҳо корбурд надоранд.
Муҳаммадраҳими Сайдар аз Маскав