Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷотбахшони бемаҳоратро аз кор меронанд


Як кумиссиюни вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон таҳти сарварии вазири он Мирзо Зиёев барои санҷиши мутахассисон ва низомиёни баталёнҳои ҳолатҳои фавқулодда, воқеъ дар минтақаи Тавилдара ва навоҳии дигар рузи 13 май озими навоҳии шарқи Тоҷикистон шуд. Ба қавли раиси ситоди вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, Маҳмадуллоҳ Ҳалимов санҷиши мутахассисони вазорат ҳанӯз як моҳ қабл шурӯъ гардида буд ва бо анҷоми имтиҳони низомиёни баталёнҳои вазорат дар навоҳии шарқ атестатсия ба поён мерасад. Ба қавли ӯ, ин иқдом бо қарори махсуси ҳукумати Тоҷикистон пиёда мешавад.
Оқои Ҳалимов роҷеъ ба ҳадафи ин санҷиш гуфт: "Шумо медонед, ки дар ин муддат афроди тасодуфӣ ба сохторҳои вазорат роҳ ёфтаанд. Мо аз ин лиҳоз тахассус ва касбӣ дар санҷиш расидагӣ мекунем ва эътибор медиҳем. Онҳое, ки аз ӯҳдаи вазоифи худ наметавонанд бароянд, онҳо, ки шоиста нестанд, аз кор озод хоҳанд шуд."
Ба қавли намояндагони аршади вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон яке аз сабабҳои дигари баргузории чунин имтиҳон ин будааст, ки ҳодсиаҳои ахири марбут ба офатҳои табиӣ, аз ҷумла боришоту селобаҳое, ки ба мардум зиён оварданд, нишон дод, ки аксари мутахассисони ҳолатҳои фавқулодда натавонистаанд дар ҷои ҳодиса вазоифи худро ҳамаҷониба анҷом диҳанд.
Маҳмадуллоҳ Ҳалимов, раиси ситоди вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, санҷиш дар вилояти Суғд ва дар навоҳии дигари кишвар нишон дод, ки бисёре аз низомиёни вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тасодуфӣ омадаанд ва шоиста нестанд: "Ҷараёни санҷиш дар дар вилоятҳои дигар нишон дод, ки бисёрҳо аз атестатсия нагузаштанд. Мо онҳоро озод мекунем ва бархеи дигарро ба вазифаю корҳои дигар мегузаронем"
Дар ҳоли ҳозир вазорати ҳолатҳои фавқулодда аз овардани рақам роҷеъ ба натоиҷи аввалияи санҷиши низомиёни худ дар навоҳии кишвар худдорӣ мекунад.Танҳо бо бозгашти кумиссиён аз манотиқи шарқи кишвар ва бо ҷамъбасти кори он барои матбуот иттиллои муфассал дода мешавад.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG