Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар зиндонҳои Тоҷикистон 52 ҳомили вируси ВИЧ ошкор шудааст


Панҷоҳу ду гирифтори вируси ВИЧ, ангезандаи бемории СПИД дар миёни маҳбусони зиндонҳои Тоҷикистон зимни гузаронидани як ташхисот ошкор гашт, ки аз ин миён 19 нафар занон мебошанд. Ин омор дар маросими муаррифии барномаи ҷилавгирӣ аз бемории СПИД, ки чаҳоршанбеи 12 май дар Душанбе бо иштироки намояндагони вазорати адлия, коршиносони Бунёди Сорос ва дигар созмонҳои ҳукумативу байналмилалӣ ва масъулини маҳбасҳо сурат гирифт,таъкид карда шуд.
Гуфта мешавад, моҳи апрели соли 2003 бо ибтикори вазорати адлияи кишвар, дафтари Бунёди Сорос дар Тоҷикистон ва пуштибонии молии Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё ЮСАИД барномаи ҷилавгирӣ аз бемории СПИД дар 5 маҳбаси Тоҷикистон раҳандозӣ шуда буд, ки тибқи он дар зиндонҳо корҳои огоҳсозӣ ва пешгирии ин беморӣ ба роҳ монда шуд.
Маҳмуд Маҷидов, ҳамоҳангсози барномаи пешгирӣ аз бемории СПИД дар зиндонҳои кишвар, дар робита ба мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 19 нафар занони гирифтори вируси СПИД 8 нафарашон соли равон ба қайд гирифта шудааст: "Ҳашт нафар хонумҳо худи ҳамин сол гирифтори ВИЧ СПИД ба қайд гирифта шудааст, ки қисми зиёдашон бо роҳи сузандору ва қисми камтарашон бо роҳи муносибати ҷинсӣ ба ин бемори гирифтор шудаанд".
Дар ҳамин ҳол, Бекмурод Пиров, сардори маҳбаси занонаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак, 50-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон мегуяд, ягон нафар маҳбуси гирифтори ВИЧ СПИД ба қайд гирифта нашудааст: "Дар ҳоли ҳозир ягон нафар аз занони маҳбус бо бемории ВИЧ СПИД ба қайд гирифта нашудааст."
Муртазо Хидиров, раиси созмони ҷамъиятии "Раҳоӣ аз нашъамандӣ" бо нигаронӣ афзуд, яке аз сабабҳои аслии густариши ВИЧ СПИД ё норасоии маъсунияти бадан дар зиндонҳо истифодаи чанддафъаии сузандору мебошад. Вай афзуд, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ин масъала, яъне дасрасии маҳбусон ба маводи мухаддир аз ҷониби масъулини маҳбасҳо пинҳон дошта шавад: "Дар тамоми маҳбасҳои ҷаҳон ин масъала, яъне дастрасӣ доштани маҳбусон ба маводи мухаддир, ҷой дорад ва инро набояд пинҳон дошт. Танҳо дар сурати ошкор кардани ин масъала метавон алайҳи он мубориза бурд."
Дар нишаст ҳозирин пешниҳод намуданд, ки бояд қабл аз ба колоннаҳои ислоҳотӣ овардани маҳкушудагон, онҳо мавриди ташхиси ҷиддӣ қарор дода шаванд.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG