Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди сафар ба хориҷа, сафари тулонӣ ба зиндон


Маъсум Имомов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рузи ҷумъа, 23 апрел, барои аввалин маротиба як гуруҳи қочоқбарони инсонро, ки дар ҷалб ва интиқоли ҷавонзанони Суғд ба шаҳри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб барои танфурушӣ даст доштаанд, маҳкум ба зиндон кард. Бо ҳукми додгоҳ, Анвар Раҳматов - сарвари ин гуруҳ - тибқи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо ҷароими ҷалби одамон барои истисмор бо роҳи фиреб ва сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба муҳлати се солу шаш моҳ ва се ҷавонзани суғдӣ, Гавҳарой Фатҳуллоева, Мунира Очилова ва Муаттара Мирзобобоева бо гуноҳи таҳияи шиносномаҳои сохта ба муҳлатҳои 1 солӣ ба ҳабс маҳкум шуданд.
Мирзошароф Ҳоҷибоев - қозии додгоҳи Хуҷанд пас аз анҷоми мурофиа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як узви ин гуруҳи қочоқбари инсон, Қобилҷон Қодиров, сарвари собиқи шуъбаи шиносномадиҳии ҷамоати Қистакузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ муттаҳам мешавад, дертар боздошт гардида, нисбати вай парвандаи ҷиноии алоҳида боз шудааст.
Оқои Ҳоҷибоев афзуд, ин гуруҳи ҷиноии муташаккил таҳти сарварии сокини 48 - солаи Хуҷанд, Анвар Раҳматов, тайи солҳои ахир ба хотири ба даст овардани маблағ бо роҳҳои фиреб ва зурӣ бархе аз ҷавонзанони Суғдро барои фоҳишагӣ ва танфурушӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб интиқол медод.
Давлати Тоҷикистон барои сафар кардани ҷавонзанони тоҷики то сӣ сола ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб иҷоза намедиҳад ва гуруҳҳои қочоқбар ба ҷавонзанон шиносномаҳои қалбакӣ, ки дар он синну сол ва ному насабашон иваз карда шудаанд, дастрас мекард.
Ба гуфтаи оқои Ҳоҷибоев, дар қочоқи ҷавонзанони Суғд ба Аморати Муттаҳидаи Араб бо Анвар Раҳматов ҳамсари собиқи вай Қумрӣ Раҳматова, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Дубай ба сар мебарад, ҳамдастӣ доштааст: «Нисбати Раҳматова Қумрӣ додгоҳи шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Вай барои ҷавонзанон барои роҳӣ кардан ба шаҳри Дубай шиносномаҳои сохтаи тоҷикӣ ва аз руи онҳо шиносномаҳои хориҷӣ мегирифт.Ба шаҳодати шоҳидон, дар Аморати Муттаҳидаи Араб низ занони тоҷикро аз тариқи фиребу зурӣ ба танфурушӣ маҷбур мекардааст.»
Вале Абдуҷаббор Ҷабборов - вакили мудофеъи маҳкумшудагон ҳукми додгоҳи Хуҷандро нисбати ҳимоятшавандагонаш ғайриқонунӣ хонд ва гуфт, аз ҳукми додгоҳи шаҳр ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳад бурд.
Ба гуфтаи оқои Ҷабборов, тафтишоти ибтидоии парвандаи ҷиноии гуруҳи қочоқбарони инсон якҷониба сурат гирифта, дар пайи он аз суи додгоҳ на қочоқгарон, балки ҷавонзаноне, ки қурбониёни эҳтимолии траффик ва ё қочоқ ба мақсади танфурушӣ маҳсуб мешаванд, маҳкум ба зиндон шудаанд: «Очилова, Мирзобобоева ва Фатҳуллоева мегуянд, ки намедонистем, барои чӣ ба шаҳри Дубай меравем. Фақат тафтишоти ибтидоӣ маълум кардааст, ки гуё онҳоро барои истисмор, фоҳишагӣ ба ин кишвар бурдан мехостаанд. Аммо дар асоси «гуё»-ву гумону тахминҳо касеро суд кардан, ба ҳабс маҳкум кардан, ба назари ман, тамоман ғайриқонунӣ аст.»
Вакили мудофеъ Абдуҷаббор Ҷабборов афзуд, ҳимоятшавандаи у - Анвар Раҳматов бар гуноҳи худ дар мурофиаи додгоҳӣ иқрор нашудааст ва ҳамсари у Қумрӣ Раҳматова, ки алъон дар Дубай мебошад, аслан мавриди боздошт ва бозпурсӣ қарор нагирифтааст.
Вале Муқаддас Почомуллоева, ёвари додситони Хуҷанд, ки тафтишоти аввалияи парвандаи ҷиноиро анҷом додааст, ин ақидаи вакили мудофеъро рад намуд: «Дар ҷараёни тафтишоти ибтидоӣ ва судӣ гуноҳи ҳар як судшаванда бо далелҳои раднопазир исбот шуданд."
Дар ҳоле, ки дар баробари қочоқбарон 2 тан аз қурбониёни эҳтимолии қочоқ, Мунира Очиловаи 29-сола ва Гавҳарой Фатҳуллоеваи 25-сола, ки дорои кудакони ноболиғ мебошанд, низ аз суи додгоҳи Хуҷанд мавкум ба зиндон шудаанд, вакили мудофеъи онҳо - Абдуҷаббор Ҷабборов бар ин назар аст, ки ин ҳолат боварии ҷавонзанони тоҷикеро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳти фишор ва зуроварии қочоқгарон маҷбур ба танфурушӣ мегарданд, аз мақомоти ҳифзи ҳукуқи Тоҷикистон коста мегардонад: «Дар ҳолате, ки ин 2 ҷавонзан аз Тоҷикистон ба ҷойе набаромада, ба ҳабс гирифта шудаанд, пас ҷавонзаноне, ки қурбони қочоқчиён ва истисморкунандаҳо шудаанд, чӣ тавр барои ҳимоят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат мекунанд? Онҳо, албатта, метарсанд, ки пеш аз ҳама худашон ба курсии айбдоршавандаҳо шинонида мешаванд».
Ин барои саввумин маротиба аст, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд афродеро дар заминаи қочоқи инсон маҳкум ба зиндон мекунад. Авохири соли 2003 бо ҳукми ин додгоҳ Насима Тошева, як ҷавонзани 23-сола аз шаҳри Хуҷанд бо ҷурми машғул шудан ба танфурушӣ дар АМА ба муҳлати 2 сол зиндонӣ шуда буд. Ибтидои моҳи апрели соли равон ин додгоҳ боз ду сокини дигари Сугд, Пулодова Бароат ва Неъматулло Қодировро ҳамчунин бо ҷароими ҷалби одамон бо роҳи фиреб барои қочоқу истисмор, ба муҳлатҳои се солу шашмоҳӣ аз озодӣ маҳрум карда буд.
Қозиёни додгоҳи Хуҷанд ва вакилони мудофеъ дар робита ба мавзуъ мегуянд, тақрибан тамоми афроде, ки ба трафик ва ё қочоқу истисмори инсон машғул шудаанд, дар ҳоли ногувори иҷтимоӣ қарор доранд.
Бозорхон Мусоев - қозии додгоҳи Хуҷанд дар ин робита меафзояд: «Дар рафти тафтишот ба чунин хулоса расидам, ки бадии шароити зист ҳам Пулодова Бароат, ҳам Неъматулло Қодировро маҷбур кардааст, ба чунин ҷиноёт даст зананд, дуввумӣ қарздор шуда, илоҷи бо ягон роҳи қонунӣ , масалан, иҷрои ягон кор, ба даст овардани маблағро наёфтааст.»
Се ҷавонзани суғдӣ низ, ки рузи 23 апрел аз ҷониби додгоҳи Хучанд бо ҷурми таҳияи шиносномаи қалбакӣ ба хотири сафар ва танфурушӣ дар Дубай ба ҳабс маҳкум шудаанд, аслан бекор, бешавҳар ва дорои чанд фарзандони ноболиғ мебошанд. Маълумоти ҳамаи онҳо миёна аст. Онҳо дар мурофиаи додгоҳ иброз доштанд, ки вазъи бади рузгор онҳоро ба ин амал маҷбур кардааст.
Муаттара Мирзобоеваи 45-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, у 5 фарзанди ноболиғ дорад, аз ҷумла дугоник, Фотима ва Зуҳрои ширхора. Аммо ҷойи кор надорад, бинобар нодорӣ ва андози гарон натавонистааст ба соҳибкорӣ шуғл варзад. У гуфт, аз ночорӣ ба хотири ба даст овардани маблағи рузгузаронӣ ҳамроҳи як корманди шуъбаи шиносномадиҳии маҳал, Қобилҷон Қодиров, ки ҳамчунин ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст, ба таҳияи ҳуҷҷатҳои сохта барои ҷавонзанон шуруъ кардааст. Додгоҳи Хуҷанд иҷрои ҳукми худро нисбати у то 3-сола шудани дугоникҳояш мавқуф гузошт.
XS
SM
MD
LG