Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати фаластинӣ дар Тоҷикистон


Аҳмад Абдусалом Муҷалонӣ, мушовири раҳбари давлати худгардони Фаластин, дар раъси як ҳайъат рузи чаҳоршанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд. Хабаргузори "Азия Плюс" аз қавли сухангуи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ҳадаф аз сафари ҳайъати Фаластин ба Тоҷикистон роҳандозии робитаҳои танготанг бо ин кишвар аст. Аммо ҳамин манбаъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ доштани ҳар гуна иттилое дар бораи ҳадафи сафари мушовири роҳбари Фаластин ба Тоҷикистонро рад кард. Дар ҳамин ҳол Шарофиддин Имомов, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар умури байналмилал мегуяд, сафари ҳайъати Фаластин ба Тоҷикистон ҳеҷ ҷое барои ҳангома надорад. Ин як сафар ва мулоқоти муқарарист, мегуяд у: "Дар мавриди консултатсияи ҷорӣ доир ба вазъи сиёсӣ. Ба назари ман ягон ҳадафи қобили таъкид нест, дар ин ҷо."
Бино ба гуфтаи манобеи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст, Аҳмад Муҷалонӣ рузи панҷшанбе бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кунад. Сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, мулоқоти ҳайъати фаластинӣ бо ҳеҷ мақоми дигари ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.
Сафари ҳайъати Фаластин ба Тоҷикистон, ба андешаи нозирони умур ба ҳар сурат дар ростои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳо ҷиҳати ҳалли қазияи Фаластин сурат мегирад.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG