Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон содироти нируи барқ ба Русияро моҳи май оғоз мекунад


Тоҷикистон дар мавсимҳои тобистон тайи панҷ соли оянда солона ба Русия тақрибан 1 миллиарду 400 милён киловатт-соат нируи барқ содир хоҳад кард. Ҷурабек Нурмуҳаммадов, вазири энержии Тоҷикистон гуфт, қарордоди марбута ахиран дар Маскав байни ин вазорат ва ширкати "Интер", ки ба РАО ЕЭС-и Русия тааллуқ дорад, имзо шудааст ва тарафҳо то ҳол мувофиқати Қазоқистон барои транзити ин миқдори нируи барқ тавассути қаламрави он кишварро ҳам ба даст овардаанд.
Танҳо масъала, ба гуфтаи оқои Нурмуҳаммадов, ёфтани тавофуқ бо ҷониби Узбакистон аст ва дар сурати ҳалли мусбати ин масъала содироти нируи барқи Тоҷикистон ба Русия аз 10 моҳи май шуруъ хоҳад шуд.
Соли гузашта Тоҷикистон ба Русия тақрибан 188 милён киловатт-соат нируи барқ содир карда буд.
Мирзои Салимпур
XS
SM
MD
LG