Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе намоишгоҳи аксҳои осори таърихии Афғонистон баргузор шуд


Дар иртибот ба саввумин солгарди тахриби муҷассамаҳои буддоии Бомиён аз тарафи Толибон барои нахустин бор намоиши аксҳои осори таърихиву фарҳангӣ ва ҳунарии Афғонистон дар Тоҷикистон, дар китобхонаи миллии ба номи ҳаким Фирдавсӣ кушоиш ёфт. Дар намоишгоҳ ҳудуди сад тасвири осори наққошӣ, ҳунарӣ ва таърихии Афғонистон ба вижа шаҳри Бомиён ба маърази тамошои умум гузошта шудааст. Ҷаъфари Ранҷбар - масъули китобхонаи ба номи Халилуллоҳ Халилӣ дар Душанбе дар ин робита ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамчунин дар канори намоишгоҳ баъзе тасовир аз асри Кушониён, Бохтариҳо, давраҳои ислом, қабл аз он, баъд аз он ба намоиш гузошта шудаанд. Бар илова баъзе наққошиҳо ва тасвирҳои ҷолиби таърихӣ, ҳунари аз нукоти мухталифи Афғонистон дар ин намоишгоҳ монда шудааст. Ин ҳам қалъае аз шаҳри Ғулғула ҳастанд, қалъаи Заҳҳок ҳаст, шаҳри Соми Наримон ҳаст, Сафеддашт ҳаст дар ин ҷо, банди Амир аст, наққошиҳое аз дарёи Каркук аст."
Дар миёни тасовири манзараҳои табиӣ, қалъаҳо, бурҷҳо ва дигар осори таърихӣ аксҳои муҷассамаҳои азими Буддои Бомиён мақоми вижаеро ишғол кардаанд.Дар ин аксҳо шукуҳу шаҳомати ин тимсолҳои таърихӣ ва саҳнаҳои аз байн бурдани он инъикос гардидаанд. Ҷаъфари Ранҷбар мегуяд, муҷассамаҳои Буддо аз осори беназир ва машҳуртарини таърихӣ дар кишварҳои Осиё маҳсуб мегардад: "Мутаассифона онҳо тавассути Толибони фарҳангсуз ва тамаддунситез аз байн рафтанд. Бо пирузии Толибони ҷоҳил бар Афғонистон мутаассифона ин осори таърихӣ аз байн рафт ва башарият аз дидори чунин осори арзишманди таърихӣ-ҳунарӣ маҳрум монд."
Ду муҷассамаи азими Буддо, ки миёни мардум бо номҳои Силсол ва Шамома ва ё Сурхбуту Хингбут маъруфанд, таърихи беш аз якунимҳазорсола дошта, баландии аввали 55 метр ва дуюми 33 метр аст. Ин муҷассамаҳо охири моҳи марти соли 2001 аз тарафи Толибон бо истифода аз инфиҷори қавӣ хароб карда шуданд. Аммо хабари хуш ин аст, имруз барои тармиму таҷдид ва бозсозии ин тимсолҳо талошҳое ба кор бурда шуда истодаанд. Маҳз масъалаи бозсозии ин ҳайкалҳо ва нақши онҳо дар таърихи тамаддуни башарият дар семинаре, ки дар пайи ифтитоҳи намоишгоҳ баргузор мешавад, баррасӣ хоҳанд гардид. Ба гуфтаи масъулин, дар кори семинар олимону донишмандони тоҷику афғон ва намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалии мустақар дар Душанбе ширкат карда, имконоти тармим ва бозсозии муҷассамаҳои азими шаҳри Бомиёнро баррасӣ мекунанд.
Ҳумойюни Шаҳриёр
XS
SM
MD
LG