Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон амалҳои террористӣ дар Узбакистонро маҳкум кард


Рузи сешанбе Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи тасаллият ба унвони президенти Узбакистон Ислом Каримов аз рух додани Тошканд ва Бухоро, ки даҳҳо нафарро аз байн бурда ва захмӣ ба ҷой гузошт, изҳори ташвиш намуда аст. Сухангуи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифов роҷеъ ба ин мегуяд: "Дар барқия аз ҷумла омадааст, ки аз хабари анҷом додани амали террористӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон, ки боиси ҳалокати одамони бегуноҳ гардидаанд, сахт андуҳгин шудам. Тоҷикистон ин амалиёти ғайриинсониро маҳкум намуда, ҷидду ҷаҳди ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб равонашударо қотеъона маҳкум мекунад."
Дар ҳамин ҳол раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар мавриди амалҳои террористӣ дар Узбакистон изҳори назар намуда, ин ҳодисаҳоро ба унвони амалҳои зиддибашарӣ маҳкум намуд. Масъули дафтари матбуоти Ҳизби Наҳзат Ҳикматулло Сайфуллозода дар ин бора гуфт: "Аз ҷониби касе ин иқдом сурат нагирифта бошад, ин кор маҳкум карда мешавад ва ин ба ягон манфиатҳои ислом ва мардуми мусулмон нест."
Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи муовини раиси Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ҳомидов, ба хотири тадобири иловагии амниятӣ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон неруҳои сарҳадбони ин кишвар тақвият дода шудааст: Ҳифозати сарҳадро бояд қавӣ кунем. Чуноне ки худи Узбекистон сарҳадашонро бастанд, нуқтаҳои убуру мурур дар шоҳроҳҳоро бастанд, мо низ ба ин муносибат иқдом гирифтем ва нисбати дигар рузҳо ҳифзи марзро қавитар кардем."
Ба қавли сокинони манотиқи марзии Тоҷикистон, феълан ба убуру мурур дар марзи кишвар бо Узбакистон комилан мушкил шудааст.
Мирзонабии Холиқзод
XS
SM
MD
LG