Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Санкт-Петербург боздошт карданд


Бино ба иттилоъи хабаргузории "Интерфакс", шаби шанбе ба якшанбе маъмурони интизомии ин шаҳр ду шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми қочоқи 15 кило ҳероин боздошт карданд.
Рузи душанбе, 22 март дар дафтари матбуоти раёсати умури дохилаи шаҳри Санкт-Петербург ба ин хабаргузорӣ иттилоъ додаанд, ки кормандони бозрасии автомобилии шаҳр мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-ро, ки дар он ду шаҳрванди Тоҷикистон будаанд, тафтиш карда, аз дохили як борхалтаи варзишӣ 15 кило ҳероин ёфт ва мусодира намудаанд.
Нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG