Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштараки низомиёни тоҷику рус хотима ёфт


Мақшҳои низомии муштараки вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Фирқаи 201-уми Русия дар ин кишвар, ки се руз боз дар размоишгоҳи Лоҳур, 30 километрии шаҳри Душанбе идома дошт, ба поён расид. Бин ба иттилоъи дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ин руз дар Лоҳур марҳилаи сеюм ва охирини машқи низомӣ анҷом дода шуд.
Дар он баталиёни вазорати мазкур ва сарбозони Фирқаи 201-уми Русия мустақар дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар ҷараёни амалиёт аз зиреҳпшуҳо, тупхона ва аз силоҳҳои дигар, ба мисли мусалсал ва калашников истифода шудааст. Ҳадафи аслии тамринот ҳамоҳангсозии амалиёти неруҳо дар ҳолатҳои ҳамлаи гуруҳҳои террористӣ, гуруҳҳои тундгаро ва қочоқбарони маводи мухаддир дар шароити куҳсор будааст.
Фармондеҳони ситоди вазорати дифоъи Тоҷикистон ва Фирқаи 201-уми Русия манёври муштаракро ҳадафрас дониста, натиҷаи онро дар роҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши низомӣ як қадами муҳим арзёбӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи вазорати дифоъ, ахиран Русия ва Тоҷикистон дар ҷузъиёти масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар, дар заминаи Фирқаи 201-ум ба мувофиқа нарасиданд.
XS
SM
MD
LG