Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди Ёқуб Салимов, "говсуд"-и ноиби раиси "Ҷамол-Компания", "Пролеткулти Раҳмонов ё бозгашти кадушоҳ"


Истирдоди Ёқуб Салимов ба Душанбе мавзуъи аслии як қатор нашрияҳои мустқаил дар ин ҳафта буд. Нашрияи "Азия Плюс" бо истинод ба мақомоти баландпояи ҳифзи ҳуқуқ навиштааст, собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо баробари ба Душанбе фуруд омадан, аз ташхиси тиббӣ гузаронида шудааст, то ба сиҳатии у боварӣ ҳосил карда шавад. Айни ҳол Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққатии вазорати амнияти кишвар ба сар мебарад.
Дар ин ҳафта ҳамчунин исми маҳбуси дигаре вирди забони хонандагони нашрияҳо буд. Зафар Камолов, собиқ ноиб-раиси ширкати пурсарусадои "Ҷамол-Компания" бо ирсоли номаи калонҳаҷме унвонии ҳафтаномаи "Рузи нав" гуфтааст, у бегуноҳ аст ва уро ба истилоҳи худаш "говсуд" кардаанд. Зафар Камолов ҳамчунин навиштааст, пас аз эълони ҳукм амуи Ҷамшед Сиёев руирост додситонро дашном дода гуфтааст, пулро гирифтию ҷиянамро 11 сол додӣ.
Хатари зиндонӣ шудан ҳамчунин ба сокини дигари пойтахти Тоҷикистон, ба хонум Антонина ҳамсари ҳунарманди маъруф Ҷаҳон Саидмурдови мақтул таҳдид мекунад. Бино ба навиштаи "Крим-инфо" , дар пайи корҳои ҷустуҷуии идораи умури дохилӣ ҳамсари ҳунарманди марҳум бо иттиҳоми қатли шавҳари худ боздошт гардидааст. Вақтҳои ахир миёни ҳамсарон ҷангу ҷанҷолҳо руй медодааст ва пас аз як чунин ҷанҷоли оилавӣ Ҷаҳонгир Саидмуродов аз тарафи ҳамсари худ буғӣ мешавад.
Ҳафтаномаи "Дайджест Пресс" аз мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ёдрас шуда, навиштааст, бозори Черкизовои пойтахти Русия имруз пойтахти тоҷикони маскавӣ гардидааст. Аммо мардикорони тоҷик аз оддитарин ҳуқуқ бархурдор набуда, ҳар дақиқаву ҳар соат мавриди боздошт ва пулситонӣ қарор мегиранд.
Русия бар иловаи манбаъи даромад буданд, ҳамчунин ба муҳоҷирони тоҷик маризии Спид-ро ҳадя мекунад. Ахиран дар шаҳри Дублини Ирландия конфронси байналмилалӣ оид ба Вич Спид баргузор шудааст ва дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат кардаанд. Хабарнигори "Вечерний Душанбе" аз ҷараёни конфронс гузориш омода кардааст. "Вечерний Душанбе" ҳамчунин бо истинод ба маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД навиштааст, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 152 нафар чун мубталои Вич расман сабт шудаанд ва теъдоди гирифторони ин вабои аср руз ба руз меафзояд.
"Пролеткулти Раҳмонов ё бозгашти кадушоҳ" зери ин унвон ҳафтаномаи "Неруи Сухан" навиштаеро нашр кардааст, ки муаллифи он аз тасмимҳои раиси тозатаъйини Кумитаи телевизион ва радио изҳори норозигӣ кардааст. Ба ақидаи муаллиф, Абдуҷаббор Раҳмонов бо иншо гирифтан аз кормандони телевизион ва радиои ҳукуматӣ ғайриқонунӣ рафтор карда, бо ин амали худ журналистонро таҳқир кардааст. Муаллиф ҳамчунин дар ҳайрат аст, ки чаро раиси кумита на аз миёни журналистони дохилӣ, балки берун аз он таъйин карда мешаванд. Вагарна менависад муаллиф, чӣ хеле, ки пас аз якчанд сол раиси собиқро, у як санъаткор буд, гуфтем, инашро у як муаллим буд, хоҳем гуфт.
"Неруи сухан" ҳамчунин як мақолае оид ба мушкилоти сокинони ноҳияи Зафаробод нашр кардааст. Мақола "Агар ҳукумат ба додамон нарасад, миллатамонро дигар мекунем» ном дорад. Мухтори Саидбурҳон-сармуҳаррири "Неруи Сухан" аз ин ноҳия дидан кардааст ва тибқи мушоҳидаҳои у ҷони мардуми Зафаробод аз бебарқиву беобӣ ва бероҳӣ ба лаб овардаасту ҳукуматдорон барои ҳалли ин мушкилот чорае ҳам намебинанд.
Дар сурате, ки рузноманигорон бар боби масоили ҳалношуда бо Узбакистони ҳамсоя ҳарф мезанад, нашрияи "Рузи нав" мақолаеро бо номи "Иттиҳоди Тоҷикистону Қирғизистон: Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст." Муаллифи ин мақола навиштааст, Тоҷикистону Қирғизистон умумиятҳои зиёди геополитикиву иқтисодӣ доранд ва таъсиси ин иттиҳод бар нафъи ҳар ду мебуд. Ба навиштаи у, тоҷикону қирғизон ҳарчанд ҳамзабон нестанд, аммо ҳамдилу ҳамдин, ҳамрешаву ҳамхун ва ҳамсояи нек ҳастанд.
XS
SM
MD
LG