Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёқуб Салимов соҳиби ду адвокат шуд


Ду узви Созмони адвокатҳои Тоҷикистон ба ҳайси адвокат ва ё вакили мудофиаи Ёқуб Салимов оғоз ба кор карданд. Наим Амирбеков - раиси Созмони Адвокатҳои Тоҷикистон - рузи 2 март дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар дуи ин адвокатҳо Ҳайдар Нурмуҳаммадов, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи ба номи Сино ва Саидкомил Қурбонов, вакили мудофиа дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо дархости пайвандони Ёқуб Салимов ва дар асоси имзои як шартнома бо онҳо дар ҷараёни тафтишоти қаблӣ аз мавқеи оқои Салимов дифоъ хоҳанд кард.
Ба иттилои раиси Созмони адвокатҳои Тоҷикистон сар аз рузи 27 феврал ҳар ду адвокатҳои Ёқуб Салимов дар раванди бозпурсиҳои қаблии мақомоти тафтишотӣ ширкат доранд. Аммо оқои Амирбеков ширкат ва ҳузури адвокат аз кишварҳои хориҷӣ ва аз ҷумла Русияро дар ҷараёни тафтишотӣ аз ҷониби Ёқуб Салимов рад кард.
Дар ҳамин ҳол Саидкомил Қурбонов, яке аз ду вакили мудофиаи Ёқуб Салимов, ки худи ҳамин руз, 2 март бо Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳи муваққати вазорати амният суҳбат доштааст, иштироки адвокати хориҷиро нозарур мешуморад. Саидкомил Қурбонов дар иртибот ба шароити нигаҳдориву чигунагии ҷараёни бозпурсӣ, муносибати кормандони тафтишотӣ ва вазъи сиҳатии Ёқуб Салимов дар боздоштгоҳ гуфт: "Вазъи саломатиаш худоро шукр хуб аст, касе дар ҷараёни тафтишот монеа эҷод намекунад."
Аммо оқои Қурбонов вакили мудофиаи Ёқуб Салимов аз шарҳи ҷузъиёт дар мавриди иттиҳомоти эълоншуда нисбати нафари зери ҳимояташ худдорӣ кард. Вай гуфт, Ёқуб Салимов - вазири собиқи умури дохилаи Тоҷикистон - дар содир кардани чандин ҷиноёт гумонбар дониста шудааст, вале то эъломи расмии ин иттиҳомот аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ифшои онҳо тибқи қавонини кишвар мамнуъ аст.
XS
SM
MD
LG