Ағлаби коршиносони риштаи иқтисоду молияи кишвар бар ин назаранд, ки лоиҳаи нави кодекси андози Тоҷикистон тақрибан як нусхаи рунависшудаи кодекси амалкунандаи андоз буда, дар он тағйироту иловаҳо кам ба мушоҳида мерасанд.
Аммо Ҳаёт Аҳмадов, муовини сардори департаменти андози вазорати даромад ва пардохтҳои Тоҷикистон ва яке аз муаллифони кодекси нави андоз мегуяд, тарҳи мазкур бо назардошти тавонмандӣ ва вазъи воқеии манобеъ ва сарчашмаҳои таъминкунандаи андози кишвар омода шудааст.
Вай меафзояд: "Ҳозир 15 намуди андоз пешниҳод шудааст, нисбат ба он андозҳое, ки дар кодекси амалкунанда буд, бисёр сабук карда шудаанд. Гаронии андоз бошад дар муқоиса бо дигар давлатҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳо начандон вазнин аст. Ба андешаи ман, дар кодекси нав биёр мавқеъҳои андозбандӣ нисбатан сабук карда шудаанд."
Вале мунаққидони тарҳи нави кодекси андоз бар ин назаранд, ки дар шароити феълии Тоҷикистон сатҳ ва меъёри андозҳо бояд ба гунае бошад, ки ҳавасмандии истеҳсолкунандаро аз байн набарад. Ба назари ин таҳлилгарон гаронии андоз аз як су, аз суи дигар шумораи барзиёди анвои молиёт боис шудааст, ки пардохт ва ҷамъоварии андоз ғайриимкон гардад.
Абдурақиб Қодиров, мудири бахши иқтисодии нашрияи "Тоҷикистон" ва яке аз мухолифини тарҳи кодекси андоз ба ин назар аст, ҳифзи сатҳи баланди андоз, чуноне ки дар кодекси феълӣ аз ҳамин усул кор гирифта мешавад, дар ҳоли ҳозир қобили таҳаммул нест. Зеро меафзояд ҳамсуҳбати мо, гаронии ҳаққи молиёт заминаро барои ришва ва коррупсия ба вуҷуд меорад ва ҳамзамон ин усул дар роҳи вуруди маблағ аз молиёт ба буҷаи давлатӣ монеа эҷод мекунад.
Қодиров мегуяд: "Худи ставкаи андозе ба ҳадде зиёд аст, ки 50 фоизи даромади соҳибкорро андозситонҳо мегиранд. Масалан дар васоити ахбори мустақил 63 фоизи даромад барои андоз меравад. Дар ин ҳолат замина барои рушд намемонад. Дар тарҳи нави кодекси андоз ҳамин ставкаҳо дигар карда нашудаанд, танҳо механизми ситонидани андоз дигаргун шудаасту тамом."
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисод ва яке дигар аз мухолифони тарҳи кодекси андоз бар ин назар аст, наҳва ва механизми ситонидани андоз мураккаб ва печида боқӣ мондааст. Оқои Умаров муътақид аст, дар шароити имруза, ки аксари корхонаҷоти саноатӣ ва ниҳодҳои кишоварзӣ дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, мебоист, наҳваи пардохти молиёт содда бошад, то ки субъектҳои аслии андозсупор ва дар маҷмуъ ҷамъи андоздиҳандагон аз пардохти он сарпечӣ накунанд: "Шумораи андозҳо чандон кам нашудааст. Онҳо мегуянд, шумораи андозҳо аз 18 ба 15 адад кам карда шудааст, аммо дар асл он аз 18 ба 16 фаромадааст, зеро андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ бо андоз аз арзиши иловагӣ як карда шудааст. Соҳибкорон низ таъкид мекарданд, ки шумораи андозҳо бояд то 9 ва ё даҳ адад кам карда шавад."
Оқои Умаров мегуяд, дар сурате, ки тарҳи нави кодекси андоз, аз ҷумла андоз аз фоида 30 фоиз, андоз аз арзиши изофашуда 20 ва андоз барои пардохтҳои иҷтимоии аҳолӣ 25 дар сад пешбинӣ шудааст, аввалан ҳеҷ яке аз корхона, ширкат ва соҳибкоре ҳавасманд нахоҳад буд, ки чунин миқдори маблағашро туъмаи андоз кунад ва баъдан чунин муқаррарот боис мешавад, ки қисмати воридоти буҷаи давлатӣ ҳамеша дар ҳолати нопурра ва номукаммал боқӣ бимонад.
Аммо Ҳаёт Аҳмадов, яке аз муаллифони тарҳи кодекси андоз гуфт, ҳоло ончӣ, ки омода шудааст, варианти ниҳоӣ набуда, он боз такмил хоҳад шуд. Аз ин хотир афзуд оқои Аҳмадов, то пешниҳоди ин тарҳ барои баррасӣ ва тасдиқ ба Маҷлиси Намояндагон, ки қарор аст, дар нимсолаи дуввуми соли ҷорӣ сурат бигирад, ин тарҳ имкон дорад, боз дучори тағйирот гардад.