Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи фишори нирӯҳои Қаззофӣ болои чирикиҳо


Нирӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ фишорро болои чирикиҳо дар ҷабаҳоти шарқӣ идома медиҳанд. Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Қаззофӣ сангарҳои чирикиҳоро дар Аҷдобия, нуқтаи муҳим дар роҳ ба сӯи бандари муҳими нафтии Бурайқа мушакборон кардаанд. Бо вуҷуди ҳамлаҳои ҳавоии НАТО алайҳи артиши Қаззофӣ, чирикиҳо тайи ҳафтаҳои набард барои бандарҳои шарқи Либия даст ба пешрафт наёфтаанд. Дар ғарби Либия шаҳри Мисрота, пойгоҳи иҳоташудаи чирикиҳо, низ таҳти тирборон қарор дошта, ба гуфтаи чирикиҳо, дастикам 6 нафар кушта ва зери 50 тан захмӣ шудаанд.
Дирӯз сарвазири Бритониё Девид Камерон истифодаи нирӯҳои хушкигарди Ғарб ба хотири кумак ба чирикиҳои Либияро истисно кард. Президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ромпуй гуфт, Шӯрои чирикиҳои Либияро “як шарики арзишманди баҳс мебинад, ки хостҳои мардуми Либияро мунъакис мекунад.”
XS
SM
MD
LG