Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи бомбори Мисрота аз сӯи нерӯҳои Қаззофӣ


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ, рӯзи чаҳорум аст, ки шаҳри муҳосирашудаи Мисротаро бомбор мекунанд. Абдул Басит Мазруқ, сухангӯи шӯришиён, ки шаҳрро дар даст доранд, ба телевизиони Ал-Ҷазира гуфт, субҳи имрӯз дар ин шаҳр 6 нафар кушта ва 47 тани дигар захмӣ шудаанд. Мисрота саввумин шаҳри бузурги Либия ҳафтаи саввум аст, ки дар муҳосираи нерӯҳои Қаззофӣ қарор дорад. Бовар меравад, ки дар ин муддат садҳо нафар аз сокинони шаҳр кушта шудаанд. Шӯришиёни Либия мегӯянд, нерӯҳои НАТО барои муҳофизати 300 ҳазор сокини шаҳр талоши бештар кунанд.
XS
SM
MD
LG