Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили таъсиси телевизиони форсизабон чист?


Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон
Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон

Асадулло Раҳмонов тавофути идеологиро мушкили аслӣ барои роҳандозии шабакаи телевизионии кишварҳои форсизабони намедонад.

Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъаи 15-уми апрел дар рӯ ба рӯи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, «то ҳол таҷҳизоти зарурӣ барои насб ва роҳандозии ин шабака тавассути Эрон дастрас нашудааст ва ин масъала то ҳол норӯшан мондааст."

Ба таъкиди Асадулло Раҳмонов, бар асоси тақсимот, барои таъсиси шабакаи муштараки телевизионӣ, бино ва дигар умури марбут ба таҳияи асноди ҳуқуқӣ бар ӯҳдаи Тоҷикистон ва воридоти таҷҳизот ба Эрон ва таҷҳизоти пахш ба Афғонистон вогузор шудааст.



Ин дар ҳолест, ки қаблан Алӣ Асғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфта буд, таҷҳизоти зарурӣ барои фаъол кардани телевизиони муштараки форсизабон харидорӣ шуда ва дар сурати мувофиқати ҷониби Тоҷикистон барои насби он, ин шабака метавонад дар айёми Наврӯз шурӯъ ба кор кунад.

Бо вуҷуди талошҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳанӯз ин лоиҳа, ки аз тавофуқоти сарони кишварҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон маншаъ мегирад, мавриди иҷро қарор нагирифтааст.

Пешрафт накардани ин иқдом ба мавқеи Афғонистон низ рабт дорад. Зеро он гуна, ки Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон гуфт, тайи ду соли ахир намояндаи Афғонистон танҳо дар як мулоқоти гурӯҳи корӣ барои роҳандозии телевизионӣ форсизабон ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG