Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коғаз қимат шуд, рӯзнома ҳам


Коршиносон мегӯянд, болоравии қимати рӯзномаҳо, ки ба думболи афзоиши нархи қоғаз сурат гирифтааст, ояндаи матбуоти чопиро дучори мушкил хоҳад кард.

Тоҷикистон коғаз ва маводи чопӣ назири плёнка ва палатинаро аз Русия ва Чин ворид мекунад ва воридкунандагони ин мавод ба далели афзоиши роҳкиро ва молиёт қимати онро боло бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки манбаи аслии таъмини молии аксари кулли рӯзномаҳои Тоҷикистон аз фурӯши шумораи он ба даст меояд ва бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст.

"СОҲИБКОРОН БА РЕКЛАМА МАЙЛ НАДОРАНД"

Аз сӯи дигар, давлат низ ҳеҷ гуна барномаи кӯмак ба матбуоти мустақилро надорад. Созмонҳои байналмилалии кӯмаккунанда низ мизони кӯмакҳои худ ба матбуотро коҳиш додаанд. Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон иллати
Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон
аслии мушкилотро дар шакл нагирифтани муносибатҳои бозории мутаммадин дар Тоҷикистон медонад.

Ӯ мегӯяд: «Теъдоди зиёд дошта бошанд, ақалан 15 ҳазор тираж дошта бошанд, метавонанд нархҳоро поин нигаҳ доранд. Дар ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ заъифтарин бозори реклама дар Тоҷикистон аст. Соҳибкорон майли зиёде ба рекламаи матбуот надоранд. Фақат созмонҳои байналмилалӣ ва чанд ширкати мобилӣ реклама медиҳаду халос. Барои ҳамин рӯзномаҳо, ки аз реклама маҳрум ҳастанд маҷбуранд нархҳоро боло баранд».

РӮЗНОМАҲО ДАР ПЕШОРӮИ МУШКИЛОТ

Ба гуфтаи коршиносон, таҷрибаи собит дар кишварҳои пешрафта аз ҳисоби талиғоти бозоргонӣ таъмини молӣ шудани нашрияҳост. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар ҳудуди 70 - 80 дарсади даромади нашрияҳоро нашри огаҳиҳои тиҷоратӣ фароҳам мекунад, дар Тоҷикистон баръаск ҳудуди 90 дарсади оидоти нашрияҳо аз ҳисоби фурӯши шуморагонашон аст. Коршиносон мегӯянд, як роҳи ҳалли ин мушкил вуҷуд дорад ва он ҳам шакл гирифтани бозори таблиғот ё реклама дар Тоҷикистон аст.

Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» мегӯяд, идомаи чунин вазъ, дар ҳоле, ки бо таваҷҷуҳ ба афзоиши қимати бозор ва молиёт имкон дорад, арзиши рӯзномаҳо аз ин ҳам болотар биравад, аз миён рафтани хеле аз нашрияҳоро таҳдид мекунад. Зеро қиматшавии рӯзномаҳо боиси он мешавад, ки онҳо камтар ба фурӯш биравад, яъне тиражи онҳо, ки манбаъи аслии доромадашон аст, коҳиш пайдо кунад.

Оқои Сӯфӣ мегӯяд: «Метавон интизор дошт, ки то шаш моҳ ё як соли дигар шояд чанд рӯзнома фаъолияти худро фақат ба далели мушкили
Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон»
молӣ қатъ кунад Дар ҳоле, ки ҳама чизро доранд, аз ҷумла нерӯи корӣ ва зеҳнӣ доранд, фазосозӣ карда метавонанд, ба ҳама меъёрҳо мутобиқ ҳастанд, аммо мушкили молӣ доранд. Бозори таблиғоти тиҷоратӣ шакл нагирифтааст. Он чи, ки шакл гирифтааст, мутаалиқ ба як ё ду рӯзнома аст, ки агар дар миёни дигар рӯзномаҳо ҳам тақсим шавад, ҳоли он ду ҳам мушкил ва монанди рӯзномаҳои дигар хоҳанд шуд».


МАҲДУДИЯТИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

Таҳлилгарон мегӯянд, афзоиши қимати нашрияҳо бар изофаи мушкилоте, ки барои худи расонаҳо ва масъулини он хоҳад овард, инчунин дастрасии мардум ба иттилоотро низ маҳдудтар мекунад.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо мегӯяд, то расм шудани фарҳанги бозаргонӣ ва шакл гирифтани бозори реклама, ба манзури ҷилавгирӣ аз муфлис шудану аз суқут кардани нашрияҳо, давлат бояд як барномаи мусоидат ба матбуоти мустақилро рӯи даст бигирад. Оқои
Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси умури расонаҳо
Воҳидов мегӯяд: «Мо борҳо пешниҳод кардем, ки давлат бояд ба матбуот имтиёз бидиҳад. Ин таҷриба дар ҳамаи давлатҳои мутамаддин ҳаст. Дар он давлатҳо миёни ахбори давлатӣ ва ғайри адвлатӣ фарқ намегузоранд. Барои он, ки матбуоти мустақил наҷот пайдо кунад, бояд давлат тавассути додани имтиёз, яъне коҳиши андозҳо, нархи чопхонаҳо ва ё додани қоғаз бояд ба матбуот кӯмак кунад».

Дар ду моҳи пеш тибқи як қарори дигари мақомот, аз фурӯши нашрияҳо дар хиёбони марказии Душанбе ба баҳонаи танзими фурӯши хиёбонӣ, ҷилавгирӣ шуд. Масъулини нашрияҳо мегӯянд, ки ин иқдом боис шудааст, ки тиражи рӯзномаҳо ба таври чашмгир коҳиш пайдо кунад.

ҚАЗИЯҲОИ ДОДГОҲИИ РӮЗНОМАҲО

Мушкили болоравии қимати рӯзномаҳо дар ҳолест, ки ҳамаи нашрияҳои мустақили ҷиддии сиёсӣ, дар ҳоли ҳозир мушкили баҳсҳои додгоҳиро доранд. Ва дар аксари ин баҳсҳо даъвогар мақомоти давлатӣ мебошанд Ва дар чанд маврид додгоҳҳо бар алайҳи нашрияҳои мустақил, аз ҷумла «Пайкон» ва «Миллат» қарор содир карданд. Парвандаи нашрияҳои «Чархи гардун», «Фараж», «Озодагон», «Азия плсю» дар дасти баррасии додгоҳ қарор дорад.

Дар бозори матбуоти чопии Тоҷикистон ду навъи рӯзномаҳо, давлатӣ ва мустақил фаъол ҳастанд, ки матбуоти мустақил пешгомтар аз матбуоти давлатӣ аст. Аммо матбуоти давлатӣ на мушкили қоғаз дорад ва на муштарии чандоне дар бозори матбуот.
XS
SM
MD
LG