Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даргирии мусаллаҳонa дар ноҳияи Рашт 3 корманди Вазорати умури дохилӣ ва 1 маъмури амниятӣ кушта шудаанд.

Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории “Азия-Плюс” иттилоъ додааст. Ин манбаъ гуфтааст, даргирӣ рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел дар мавзеи Болошаҳри ноҳияи Рашт ба вуқӯъ пайвастааст.

Аммо як манбаи дигар дар ниҳодҳои қудратӣ ба хабаргузорӣ гуфтааст, ки бар асари ин даргирӣ 8 нафари мусаллаҳ ва 2 корманди ниҳодҳои амниятии кишвар кушта шудаанд. Иттилое, ки аз манобеи ғайрирасмӣ дастрас шудааст, зиддулнақиз буда, шумораи кушташудагонро бештар нишон медиҳад.

Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки бино бар хабарҳо дар водии Рашт амалиёте зидди гурӯҳи мусаллаҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", аз фармондеҳони пешини мухолифи давлат оғоз ёфтааст. Дар ин бора афроди наздик ба фармондеҳи собиқи мухолифон Мирзохӯҷа Аҳмадов хабар додаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, дар амалиёти мазкур нерӯҳои собиқи мухолифи давлат, аз ҷумла Мирзохӯҷа Аҳмадов низ ширкат доранд. Ҳадафи ин амалиёт маҳв ё боздошти боқимондаҳои гурӯҳи мусаллаҳест, ки дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон даст доштанд.

Аммо мақомоти марбутаи Тоҷикистон аввал ҷой доштани ҳар гуна парвози ҳавопаймо ва тирандозиро дар шарқи кишвар рад карданд, вале баъдтар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, амалиёте, ки бомдоди имрӯз дар шарқи Тоҷикистон оғоз шудааст, машқи тактикии зидди терористии ҷузвутомҳои артиш ва вазорати дохила дар минтақаи мазкур аст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадаф аз ин машқҳо, бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси соли гузаштаи водии Рашт, боло бурдани маҳоратҳои ҷангии нерӯҳо дар муқобила бо гурӯҳҳои мусаллаҳ мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG