Дар ин бора Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" ба хабаргузории давлатии "Ховар" иттилоъ додааст.
Ҷаноби Нозирҷон Ёдгорӣ, дар ин росто гуфтааст, ки бинобар афзоиши об дар рӯдхонаи Вахш, сар аз 15-уми апрел интиқоли барқ ба сокинон афзуда ва дар Душанбешаҳр маҳдудияти барқ ба таври комил лағв шудааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, аз ин ба баъд аҳолии манотиқи дигари кишвар аз соати 5:00 то 10.00–и субҳ ва аз 17.00 то 20.00 –и шом ба барқ таъмин хоҳанд шуд.
Ҷаноби Ёдгорӣ ҳамчунон афзудааст, ки дар ҳолати афзоиши бештари об дар рӯдхонаи Вахш, вазъи барқтаъминкунӣ ба аҳолии кишвар беҳтар хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 24-уми март ба аҳолии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ба сабаби носозгориҳои табиат имкони пурра бо барқ таъмин кардани аҳолии Тоҷикистонро надорад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи Тоҷик” он вақт ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки : "Ҳаҷми об дар дарёи Вахш кам шуда истодааст аз сабаби ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ дар ибтидои моҳи март хунук шудани ҳаво ва кам шудани маҷрои дарёи Вахш”.
Лағви маҳдудияти барқ дар Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки дар фасли тирамоҳ ва зимистон аҳолии Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш дар шабонарӯз ҳудуди 10 то 12 соат бо нерӯи барқ таъмин шуда буданд ва дар рӯзи 20-уми феврал маҳдудияти рӯзонаи интиқоли нерӯи барқ аз байн бардошта шуда буд.