Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гумонбарони таркиши Минск афзоиш меёбад


Андрей Швед
Андрей Швед
Беларус дар бораи боздошти боз ду гумонбари дигари таркиши террористӣ дар метрои пойтахт - шаҳри Минск, ки рӯзи 11 апрел рух дод, хабар дод. Ҳоло шумори умумии гумонбарони таркиш панҷ нафар гуфта мешавад.

Дар натиҷаи таркиши рӯзи душанбе 12 нафар кушта ва ҳудудан 200 кас захмӣ гардиданд. Мақомот рӯзи чоршанбе гуфтанд, ки омилони аслии ин таркиш, аз ҷумла ҷавони бистсолаи бомбгузорро боздошт карданд.

Бо изҳори ин матлаб, муовини додситони кулли Беларус Андрей Швед гуфт, ки ҳамаи панҷ гумонбар шаҳрванди Беларус ва ҷавонҳои то сисола будаанд. Швед гуфт, ки бозпурсии ин гумонбарон шурӯъ шудааст. Президент Александр Лукашенко тахмин задааст, ки таркиш кори дасти дигарандешон аст ва аллакай барои бозпурсии онҳо амр додааст.
XS
SM
MD
LG