Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, дархости расмии давлати Тоҷикистон барои вопас гирифтани Додоҷони Атовулло, хабарнигори табъидии тоҷикро маҳкум карда ва онро “ғайриқонунӣ ва пуч” хондааст. Дирӯз Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, онҳо мунтазири посух ба ин дархост ҳастанд:«Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст, ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Мо ҳуҷҷатҳоро ҳам ба мақомоти Русия ва кишварҳои дигаре, ки бо онҳо шартнома дорем, равон кардем барои боздошти ӯ ва ба Тоҷикистон додани ӯ. Посух ҳоло нест». Додситонӣ Додоҷони Атовуллоро дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким, тӯҳмату таҳқир ба унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон муттаҳам медонанд. Аммо Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри баёнияе гуфтааст, аз онҷо ки Додоҷони Атовулло соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмонро ба даст овардааст, “Русия ва Олмон наметавонанд ба ӯ даст расонанд.” Додоҷони Атовулло ба бовари мақомот дар шаҳри Маскав ба сар мебарад ва Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, умедвор аст, Русия мисли пешин дархости истирдоди Тоҷикистонро рад хоҳад кард.
RSF дархости Тоҷикистонро "ғайриқонунӣ" хонд
