Ба муносибати 20-умин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ таҳти унвони “Ман дар СССР зистаам” барои беҳтарин хотира ва акс аз давраи шӯравии таърихи Тоҷикистон озмуни боз эълон мекунад.
Ҳар хоҳишманд метавонад ба ин озмун матнҳои тақрибан то 5000 аломат ва аксҳои на хурдтар аз 400Х300 пиксел бифиристад.
Озмун аз 15-уми апрел то 15-уми июни соли 2011 идома карда, ҳайати доварон ба таври беном матн ва аксҳоро баррасӣ ва ғолибонро муайян мекунанд. Ёдмондаҳои ҷолиби диққати Шумо бояд дар матн ё аксҳо инъикос ёбанд.
Барои барандагони озмун чунин ҷоизаҳо муқаррар шудаанд:
БАРОИ БЕҲТAРИН ХОТИРАҲО
БАРОИ БЕҲТAРИН АКСҲО
Матн ва аксҳое, ки пас аз 15-уми июн фиристода мешаванд, ба сабқат роҳ нахоҳанд ёфт.
Акс ва матнҳои худро метавонед бо василаи "Сафҳаи гузориши хонандагон" ва ё имейлҳои Tajik@rferl.org ва ё Tajikweb@rferl.org бифиристед. Ишораи махсуси "Ман дар СССР зистаам"-ро дар номаҳои худ фаромӯш накунед.
Ҳамаи маводе, ки ба озмун фиристода мешаванд, дар сафҳаи махсус гирдоварӣ ва ба таваҷҷӯҳи бинандагону хонандагон пешкаш хоҳад шуд. Инчунин аз беҳтарин намунаҳои расида охирҳои тобистон китобе бо номи "Ман дар СССР зистаам" мунташир хоҳад гашт.

- Ҷоизаи аввал – компютери нетбук
- Ҷоизаи дувум – диктофони журналистӣ
- Ҷоизаи савум – телефони мобили дорои дастгоҳи аккосӣ