Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзиши захираҳои манотиқи марзии Тоҷикистон бо Чин


Омӯзиши вазъи геохимиявии манотиқи марзии Тоҷикистон бо Чин ба хотири тартиб додани нақшаи геологии он, оғоз мешавад.

Ба иттилои идораи геологияи Тоҷикистон, ин амр ба дунболи ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин тавассути мутахассисони тоҷик ва чинӣ сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки дар даврони Шӯравии пешин ин минтақа мавриди омӯзиши геологӣ қарор нагирифта буд. Ҳарчанд гуфта мешавад, ин минтақа дорои захоири бузурги маодин аст.

ПОЁНИ БАҲСИ МАРЗӢ

Омӯзиши вазъи геологии минтақаи марзии Тоҷикистон бо Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран давлати Тоҷикистон тавонист масоили марбут ба баҳси марзӣ бо Чинро ҳал кунад. Бар асоси санади ҳамкориҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин, ки парлумони Тоҷикистон онро моҳи январи соли ҷорӣ тасвиб кард, аз беш аз 28 ҳазор километри мураббаъ минтақаи мавриди баҳс, ҷониби Чин танҳо беш аз 1 ҳазор километри мураббаъи онро соҳиб гардид ва бақияи он дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт.

Мутахассисон минтақаеро, ки дар ихтиёри Тоҷикистон қарор гирифт, дорои захоири бузурги сарватҳои табии медонанд. Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди чунин фарзияҳо, ҳатто дар даврони Шӯравӣ ин минтақа омӯзиши геологӣ нашудааст. Зеро он гуна, ки Азим Иброҳим, раиси Идораи геологияи Тоҷикистон гуфт, ин минтақа дар гузашта маҳалли истиқрори марзбонони Шӯравӣ ва Чин буд ва имкони пажӯҳиши геологӣ вуҷуд надошт. Аммо ҳамакнун шароит барои анҷоми ин кор ба вуҷуд омада ва Тоҷикистон бо Чин бар сари анҷом додани омӯзишҳои геологӣ қарордодеро низ ба имзо расонидааст. Ҳамчунин интизор меравад моҳи май низ як санади ҳамкорӣ ба манзури сармоягузории иҷрои ин тарҳ миёни ду кишвар ба имзо бирасад.

ЧИН "КӮМАК" МЕКУНАД

Азим Иброҳим, раиси Идораи геологияи Тоҷикистон дар бораи мӯҳтавои ин қарордод ва нақши давлати Чин дар он ва пажӯҳишҳои оянда дар ин минтақаи марзӣ гуфт «дар ҳамин қарордод, сухан дар бораи конҳо намеравад, ҳадафи асосӣ омӯзиши вазъи геохимиявии ин минтақа аст, ки дар замони Шӯравӣ имкони пажӯҳиш надошт. Ҳоло ин омӯзиш ба хотири тартиб додани харита ё нақшаи геологии ин минтқаи марзӣ аст ва дар ин қарордод банде вуҷуд дорад, ки дар он гуфта шудааст ва ҳар натиҷае, ки ба даст меояд, моли Тоҷикистон аст. Аммо минтақае дар ин ҷо мавриди таваҷҷӯҳи Чин қарор бигирад, дар он сурат ин мавзӯъ миёни мақомоти ду кишвар баррасӣ ва ҳал хоҳад шуд».

Аммо раиси Идораи геологияи Тоҷикистон иддаъоҳо дар бораи он, ки гӯё Тоҷикистон минтақаи ғанӣ аз захираҳои табииро дар ихтиёри Чин қарор додааст, беасос хонд. Ба ин далел, ки минтақаи марзӣ бо Чин то ба ҳол аз лиҳози геохимиявӣ омӯзиш нашудааст ва ин омӯзиш бар асоси қарордоди дуҷониба сурат хоҳад гирифт. Ба гуфтаи Азим Иброҳим бар асоси ин қарордод, ки ҳазинаҳои иҷрои ин барномаро Чин сармоягузорӣ хоҳад кард, омӯзиши кадрҳо низ матраҳ аст.

ЧАРО ЧИН ДАСТИ САХО БОЗ КАРДААСТ?

Ин дар ҳолест, ки омодагии Чин барои омӯзиши вазъи геологии ин минтақа, ки дар гузашта мудаъии он буд, суолотеро пеши назари коршиносону таҳлигарон ба миён овардааст. Чаро Чин ва бо ин иқдом Чин чӣ ҳадаферо дунбол мекунад?

Профессор Холназар Муҳаббатов, дар посухи ин суол гуфт, сармоягузории омӯзиши геологии ин минтақа аз сӯи Чин тавъаам ба сиёсати дурнамои ин кишвар бар сари захоири табии Тоҷикистон дар оянда аст ва ба ин далел Чин омодааст дар иҷрои барномаҳои мухталиф дар Тоҷикистон сармояҳои ҳангуфт сарозер кунад. Барои мисол профессор Муҳаббатов афзуд: «мо кони бор дар минтақаи Архари Помири Шарқӣ дорем. Чин аз кай боз мехоҳад дар коркарди он сармоягузорӣ кунад. Замони Шуравӣ ин кон кашф шуда буд. Азбаски дар Байкал ҳамчунин кон пайдо шуду коркардаш судманд буд, кони Помири Шарқиро ба ҳоли худ гузоштанд. Ҳоло Чин барои ин кон талош дорад ва бо ворид кардани сармояҳои худ алоқамандии Тоҷикистонро ба даст оварданӣ аст.»

Ҳамчунин Холназар Муҳаббатов гуфт, ки дар минтақаи Рангкул, ки аз нуқоти баҳс миёни Тоҷикистон ва Чин буд, захираҳои тиллои пошхӯрда вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай дар ин минтақа конҳои лаълу ёқут низ ҳаст.

Зимнан, Тоҷикистон бо Чин дар тӯли 500 км марзи муштарак дорад ва аз манотиқи кӯҳистонӣ ва душворгузар маҳсуб мешавад. Маҳз минтақае, ки Тоҷикистон ва Чин бар сари он муддати чанд соли ахир баҳс доштанд, дар Помири шарқӣ воқеъ аст ва аз хунуктарин мавзеъ маҳсуб мешавад.

СИРРИ ДАВЛАТӢ?

Ҳамакнун ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, то захираи бархе аз маодин дар қаламрави ин кишварро, ки то кунун сирри давлатӣ дониста мешуд, ошкор созад.

Азим Иброҳим, раиси Идораи геологияи тоҷик дар ин бора гуфт: «на ҳамаи конҳо муҳри махфӣ доранд. Аксари захираҳо ошкоранд. Масалан, Кони Мансури Калон дар шимоли Тоҷикистон. Комилан муҳри махфӣ дошт. Модом, ки тендери байналмилалӣ эълом шуд. Ин мӯҳр бардошта шудааст ва ин кон беш аз 75 ҳазор тонна захираи нуқра дорад ва ҳоло ду ширкат BHP -Билитон ва як консорсиуми байналмилалӣ иборат аз ҷаҳор ширкат муддаъӣ барои барранда шудан дар ин тендер боқӣ монданд».

МОНЕАИ РОҲ ЧИСТ?

Ба таъкиди раиси Идораи геологияи Тоҷикистон, барои даҳ кони Тоҷикистон, ки барои коркард ба ширкатҳои хориҷӣ пешниҳод шудааст, 25 ширкати мудаъианд, ки ба сари ҳар кон якуним ширкат рост меояд ва ин аст, натиҷаи таваҷҷӯҳи ширкатҳои хориҷӣ ба захираҳои табии Тоҷикистон. Азим Иброҳи захираҳои табии Тоҷикистонро омили таъмини рушди иқтисоди ин кишвар хонд, вале ба эътиқоди вай мушкили аслии коркарди ин маодин, ба камбуди нерӯи барқ ва сармоя хулоса мешавад.
XS
SM
MD
LG