Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони қирғиз барои занозанӣ узр хостанд


Қамчибек Тошиев, яке аз вакилони "авбош"
Қамчибек Тошиев, яке аз вакилони "авбош"
Ду вакили парлумони Қирғизистон барои занозанӣ дар сохтмони парлумон маъзарат хоста, ба ҳамдигар ба ҳайси рамзи оштӣ кӯлоҳу ҷомаи миллии қирғизӣ тӯҳфа карданд. Қамчибек Тошиев, раҳбари ҳизби Ота-Ҷурт ва Олтинбек Сулаймонов, намояндаи ҳизби Республикаи муовини сарвазир Омурбек Бабанов, рӯзи 1 апрел ба ҳам дарафтоданд. Ин занозанӣ вақте шурӯъ шуд, ки Тошиев гуфт, агар иттиҳоми фасод алайҳи Бабанов тасдиқ шавад, ҳизби ӯ аз ҳукумати эътилофӣ хориҷ мешавад. Додситони кулли собиқ Қуватбек Байболов рӯзи 1 апрел, як рӯз баъд аз барканориаш гуфт, шавоҳиде дар даст дорад, ки дар аъмоли ғайриқонунии молӣ даст доштани Бабановро собит мекунад.
Дирӯз раҳбари хадамоти амниятии Қирғизистон Кенешбек Душебоев гуфт, дар пайи занозании ду вакил аз сохтмони парлумон 10 тир ва як силоҳи Калашников пайдо кардаанд.
XS
SM
MD
LG