Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Жюпе: "НАТО дар Либия ба қадри кофӣ амал намекунад"


Алан Жюпе
Вазири хориҷаи Фаронса гуфт, НАТО ҷиҳати дифоъ аз мардуми мулкии Либия дар муқобили ҳамалоти нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба қадри кофӣ амал намекунад. Алан Жюпе фаъолияти НАТО дар амри пешгирӣ аз истифодаи нирӯҳои Қаззрофӣ аз силоҳҳои сақил ба хотири бомббори манотиқи таҳти назорати чирикиҳоро нокофӣ хонд: «НАТО бояд нақшашро пурра иҷро кунад. НАТО мехост раҳбарии амалиётро ба дӯш бигирад ва мо қабул кардем. Ва он бояд нақшашро иҷро кунад ва пеши роҳи истифодаи Қаззофӣ аз силоҳҳои сақил барои бомббори мардумро бигирад.”
Вазъи Либия як мавзӯъи аслии баҳс дар нишасти рӯзи панҷшанбе ва ҷумъаи вузарои хориҷаи НАТО дар Берлин хоҳад шуд.
Чирикиҳои Либия дирӯз тарҳи роҳкори Иттиҳоди давлатҳои Африқо ба хотири хатми ду моҳи низоъ дар Либияро радд карда, истеъфои Қаззофиро шарти ҳалли қазия номиданд. Вазири собиқи хориҷаи Либия Мӯсо Кӯсо, ки чанде пеш ба Бритониё паноҳ овард, ҳушдор додааст, ки дар сурати бурузи ҷанги шаҳрвандӣ Либия ба Сомалии ҷангзада монанд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG