Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко гуфт, омилони ҳамлаи Минскро меёбанд


Мардум ба хотираи қурбониёни фоҷиа имрӯз дар маҳалли ҳодиса гул мегузоштанд
Мардум ба хотираи қурбониёни фоҷиа имрӯз дар маҳалли ҳодиса гул мегузоштанд
Мақомоти Ҷумҳурии Белорус қавл доданд, ки масъулони таркиш дар метрои шаҳри Минскро ёфта ва ҷазо медиҳанд, ки дар ин таркиш 11 нафар кушта ва 120 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бомбгузорӣ шоми душанбе дар истгоҳи метрои Кастричнитская сурат гирифт, ки дар наздикии қароргоҳи раиси ҷумҳур воқеъ шудааст. Додситонӣ онро амали терористӣ хонд. То кунун касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Аммо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус гуфт, дар ин ҳамла хориҷиён даст доранд ва ин як саъйе барои ноором кардани кишвараш будааст: "Дӯстон мехоҳам ба шумо бигӯям, ки чолиши ҷиддие пеши рӯи мо қарор дорад ва бояд бидонем, ки чолиши ниҳоят ҷиддӣ аст. Ба он бояд ҷавоби муносиб дод ва ин ҷавоб бояд ёфта шавад." Александр Лукашенко аз мардуми Белорусия хост дар ёфтани гунаҳкорони ҳодиса ба муфаттишон кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG