Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиёни Либия тарҳи Африқоро напазируфтанд


Шӯришиёни Либия тарҳи пешниҳодии Иттиҳодияи Африқо дар мавриди бастани созиши оташбас бо нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофиро рад кардаанд. Мустафо Абдул Ҷалил, раҳбари шӯришиён, гуфт, ба шарте музокирот мекунад, ки як бахши он аз қудрат канорагирӣ кардани Муаммар Қаззофӣ бошад. Ӯ дар ин бора баъди мулоқоташ бо ҳайъати миёнҷигарони Иттиҳодияи Африқо сухан гуфт, ки тарҳеро барои поён додан ба муноқиша пешниҳод кардаанд. Ин ҳайъат рӯзи якшанбе гуфт, Муаммар Қаззофӣ тарҳи мазкурро пазируфтааст. Тарҳи мазкур, созиши оташбаси фаврӣ ва музокироти шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Қаззофиро пешбинӣ мекунад. Қаззофӣ гуфтааст, аз қудрат рафтанӣ нест.
XS
SM
MD
LG