Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мудирони CIA-и Амрико ва ISI-и Покистон


Аҳмад Шуҷоъ Пошшо, мудири Хадамоти ҷосусии Покистон дар шаҳри Вашингтон бо Леон Паннета, мудири Хадамоти Истихборотии Амрико, мулоқот кардааст. Бино ба гузоришҳо ду тараф, талаби Покистон барои назорати бештар бар амалиётҳои маъмурони амниятии Амрико дар Покистонро баррасӣ кардаанд. Як сухангӯи Хадамоти Истихборотии Амрико, мулоқоти мазкурро босамар ва ҳамкории ин ниҳод бо Хадамоти ҷосусии Покистонро “қавӣ” хондааст. Муносиботи Амрикову Покистон дар ин авохир ва баъди чанд ҳодиса аз ҷумла, қатли ду покистонӣ аз тарафи як корманди қарордории Хадамоти Истихоротии Амрико дар Лоҳур осеб дид.
XS
SM
MD
LG