Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар майдони Таҳрири Қоҳира ду нафар ба ҳалокат расиданд


Шаби гузашта бар асари бархӯрди нерӯҳои амниятӣ ва тазоҳургарон дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира ду нафар ба ҳалокат расида беш аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба табибон иттилоъ доданд.

Ҳазорон сокинони пойтахт баъд аз намози ҷумъа дар ин майдон, ки он ҷо моҳи феврал намоишҳои густарда бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак баргузор шуда буданд, ҷамъ омада, алайҳи раиси Шӯрои олии низомӣ Муҳаммад Тантавӣ шиор заданд ва хостори ба додгоҳ кашидани раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак шуданд.

Баъд аз истеъфои Муборак раёсати Миср муваққатан бар дӯши Шӯрои олии низомӣ вогузор шудааст.

Низомиён бо истифода аз калтакҳо ва тирандозӣ сӯи ҳаво талош карданд, ки майдонро аз тазоҳургарон холӣ кунанд, дар ҷавоб эътирозгарон сӯи онҳо санг андохтанд.

Шӯрои олии низомӣ масъулияти ин ҳодисаро бар дӯши ҷонибдорони раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак гузошт ва онҳоро дар дасиса айбдор намуд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, садҳо нафар ҳанӯз ҳам дар майдои Таҳрир боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG