Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон боз дар майдони Таҳрир ҷамъ омаданд


Шаби гузашта дар майдони Таҳрири Қоҳира, ки он ҷо моҳи феврал намоишҳои густарда бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак баргузор шуданд, миёни низомиён ва эътирозгарон бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Ҳазорон сокинони пойтахт баъд аз намози ҷумъа дар ин майдон ҷамъ омада, алайҳи раиси Шӯрои олии низомӣ Муҳаммад Тантавӣ шиор заданд ва хостори ба додгоҳ кашидани раисиҷумҳури пешин Ҳуснӣ Муборак шуданд. Баъд аз истеъфои Муборак раёсати Миср муваққатан бар дӯши Шӯрои олии низомӣ вогузор шудааст.

Низомиён бо истифода аз калтакҳо ва тирандозӣ сӯи ҳаво талош карданд, ки майдонро аз тазоҳургарон холӣ кунанд, дар ҷавоб эътирозгарон сӯи онҳо санг андохтанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, садҳо нафар ҳанӯз ҳам дар майдои Таҳрир боқӣ мондаанд.
XS
SM
MD
LG