Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фасли баҳор ва авҷи бемориҳои сирояткунанда


Мақомот аз эҳтимоли афзоиши бемориҳои сироятие, ки тавассути об мегузаранд, изҳори нигаронӣ мекунад.

Наврӯз Ҷаъфаров, сарвари Маркази санитарӣ-эпидомологӣ ба "Озодӣ" гуфт, боришоти зиёд метавонанд манобеи оби нӯшокиро ифлос кунанд ва ин ҳол, мӯҷиби бурӯзи маризиҳои сироятӣ хоҳад шуд.
Маргумир бар асари истифодаи нодурусти антибиотикҳо дар ҷаҳон афзудааст ва ин ҳам ба он хотир, ки истифодаи онҳо аз сӯи маризон бидуни машварат бо духтурон сурат мегирад...


Вай афзуд, "алҳол ба кормандони Маркази санитарӣ-эпидемологӣ ҳушдор дода шудааст, ки назорати вазъро дар минтақаҳои худ, шаҳру навоҳии кишвар пурзӯр кунанд. Онҳо муваззаф шудаанд, ки таи ҳар даҳ рӯз ба марказ ҳисобот пешниҳод кунанд."

Ҷаноби Ҷаъфаров гуфт, манобеи оби нӯшокӣ дар қабл низ манбаи бурузи маризиҳои сироятӣ будаанд. Аз моҳи апрели соли 2010 ба ин сӯ дар саросари Тоҷикистон маъракаҳои густардаи ҷилавгирӣ аз маризии фалаҷи афтол гузаронида мешавад.

АЗ СИЛ ТО СПИД

Бар асоси иттилои расмӣ, ин маризӣ дар 485 нафар ошкор шуда, ҳудуди 20 нафари онҳо фавтиданд. Ҳамчунин соли гузашта дар ду навоҳии тобеи марказ - Нуробод ва Варзоб ду манбаи сар задани маризии сироятии ба домана монанд - паротиф ошкор шудааст. Ҳамаи 41 нафаре, ки сироят шудаанд, наҷот ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2010 дар Тоҷикистон теъдоди маризони сил ва СПИД афзудааст. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил, аз ҳудуди 14 ҳазор гирифтори ин беморӣ, ба шумули 350 зиндонӣ, соли гузашта ҳудуди 450 нафар фавтидаанд.

Соли 2010 ҳудуди 6 ҳазор бемори нав сабт шудаанд ва 18 дарсадашон муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, теъдоди ошкор шудани гирифторони маризии СПИД, аз марзи 400 нафари солҳои пеш ба беш аз 1 ҳазор нафар расидааст. Аз ин беморӣ, ки ба шумули 40 нафар дар зиндонҳо, 2 ҳазору 800 нафар дар Тоҷикистон ранҷ мекашанд, то ба ҳол беш аз 200 нафар фавтидаанд.

АНТИБИОТИКҲО ВА МАРГИ ОДАМОН

Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, раванди афзоиши теъдоди гирифторони ин маризӣ ҷаҳонист, аз ин хотир, танҳо коре, ки ҳукумати ин кишвар кардааст, эҷоди марокизи ташхис дар саросари кишвар будааст: "Ташхисҳои мо миёни афроди осебпазири ин навъи маризӣ хеле зиёд шуд ва мо тавонистем мавориди навъи гирифтории ин маризиро ошкор карда, маризонро бо табобат фаро гирем."

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аксари маъракаҳои мубориза алайҳи маризиҳои сироятиро бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии беҳдошт пиёда мекунад. Ин созмон ахиран аз кишварҳои ҷаҳон хостори ҷалби таваҷҷӯҳ ба доруҳои зиддиуфунӣ ё антибиотикҳо шуд.
Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ фурӯш ва ворид кардани доруҳои тақаллубӣ ва ё кӯҳнашударо манъ карда, ҷазо ҳам муайян карда буд...


Ба пояи таҳлилҳои созмон, маргумир бар асари истифодаи нодурусти антибиотикҳо дар ҷаҳон афзудааст ва ин ҳам ба он хотир, ки истифодаи онҳо аз сӯи маризон бидуни машварат бо духтурон сурат мегирад. Тибқи иттилои Созмони ҷаҳонии тиҷорат, дар беморхонаҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамасола 25 ҳазор нафар аз истифодаи нодурусти антибиотикҳо мефавтанд.

"БЕ ДАСТУРИ ПИЗИШК ДОРУ МЕХӮРАНД"

Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳамчунин омор вуҷуд надорад, аммо марокизи ташхиси бактериологӣ ва микробиологӣ кишвар ин масъаларо меомӯзанд. Вай афзуд, аммо ин масъала қабл аз ҳама ба худи духтурон ва маризон рабт дорад: "Ҳар қадаре, ки ба мариз ягон намуди антибиотикро зиёдтар таъйин кунанд, намуди мутобиқшудаи ин микробҳо пайдо мешавад ва мо маҷбур мешавем, ки намуди нави антибиотикро таъйин кунем, зеро нисбати антибиотики дигариаш ҳассосият пасттар шудааст."

Мурод Аббосов, коршинос дар умури тиб мегӯяд, истифодаи антибиотикҳо дар Тоҷикистон аслан бидуни дастурҳои пизишкон ва худсарона аз сӯи мардум сурат мегирад: "Як нафар антибиотик ё доруро менӯшаду ба ҳамсояаш ё хешутабораш мегӯяд, ки ҳаминро хӯрду хуб шуд. Онҳо аз ӯ пайравӣ мекунанд. Яъне мардуми мо ба тавсияи духтур аҳамият надода, худсарона худро даво мекунанд. Мебинед, ки маризии онҳо бадтар шудаву ҳатто ба марг ҳам расондааст."

Соли 2008 парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ фурӯш ва ворид кардани доруҳои тақаллубӣ ва ё кӯҳнашударо манъ карда, ҷазо ҳам муайян карда буданд, аммо коршиносон мегӯянд, доруворӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам тиҷорати сердаромад аст, таҳти назорати вазорати тандурустӣ нест ва маҳз ин вазъ оқибатҳои ин равандро вахимтар мекунад.
XS
SM
MD
LG