Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомот масъалаи лағви андози арзиши изофа аз гуфтугӯҳои байналмилалии шабакаҳои мобилиро баррасӣ доранд.

Дар ин бора ба хабаргузории “Азия-Плюс” сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Зуҳуров, хабар додааст. Аммо вай афзудааст, дар ин бора аз ин зиёд иттилоъ дода наметавонад.
Мақомоти Тоҷикистон ба ин назаранд, ки барои ширкатҳои мобилӣ муҳити муносиби корӣ фароҳам шудааст...


Қабл аз ин, ширкатҳои мобилии Русия эълон карда буданд, ки транзити гуфтугӯҳои байналмилалии Тоҷикистонро ба далели афзоиши беш аз ҳадди молиёт ё андоз аз гуфтугӯҳои байналмилалӣ, коҳиш медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир андози арзиши изофа аз гуфтугӯҳои байналмилалии шабакаҳои мобилӣ дар Тоҷикистон 12 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои мобилии Русия мутобиқи конвенсияи Мелбурн, аз соли 1988, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, хадамоти мухобироти байналмилалӣ аз пардохти НДС ва ё арзиши изофӣ озоданд.

Афзоиши молиёт барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ин ширкатҳоро водор кардааст аз тадбире кор бигиранд, ки дар ниҳояти амр бар зарари муштарӣ тамом хоҳад шуд.

Дар ҳоле ки дар бештари кишварҳо барои фаъолияти густарда ва васеи ин гуна ширкатҳо, шароити мусоид фароҳам шуда, давлат ба тавсеаи ин соҳа алоқамандӣ нишон медиҳад, ниҳодҳои масъули молиёт дар Тоҷикистон ширкатҳо андозҳоеро ба дӯши ширкатҳои мобилӣ бор кардаанд, ки пардохти онҳо ғайриимкон аст.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон ба ин назаранд, ки барои ширкатҳои мобилӣ муҳити муносиби корӣ фароҳам шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG