Имрӯз Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико ғайримунтазира вориди Бағдод-пойтахти Ироқ шуд, то бо раҳбарони ин кишвар гуфтугӯ ва бо нируҳои амрикоӣ дар ин кишвар мулоқот кунад. Ин нируҳо моҳи августи соли гузашта амалиёти низомӣ дар ин кишварро қатъ карданд ва интизор меравад, ки охири соли ҷорӣ аз Ироқ хориҷ шаванд. Роберт Гейтс баъд аз таваққуфи мухтасар дар дар Арабистони Саудӣ ба Ироқ омад. Вай дар Саудӣ бо малик Абдулло мулоқот кард. Дар Бағдод Гейтс бо Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазир ва бо Ҷалол Талабонӣ-раиси ҷумҳур дидор ва гуфтугӯ мекунад.