Неъмат Олимов, раҳбари хоҷагии деҳқонии Чоркӯҳ бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳодисае, ки субҳи имрӯз, 6-уми апрел дар ин минтақаи марзӣ рух дод, ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамдигарро барои кӯшиши дастгир кардани гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ айбдор карданд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса, аз рӯи гуфти шоҳидон, даҳҳо сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тарафи марз таҷаммӯъ карданд. Неъмат Олимов гуфт, аз ҷониби Қирғизистон 150 тан ва Тоҷикистон бештар аз 500 нафар гирди ҳам омаданд.
Ба гуфтаи ӯ, раисони ноҳияҳои Исфараву Боткан – Субҳониддин Ашӯров ва Ҳаиталӣ Айкунов мардумро ба оромӣ даъват карда, қарор гузоштанд, ки рӯзи ҷумъаи 8-уми апрел ҳодисаҳои ахири марбут ба танишҳои марзиро дар музокираи вижа баррасӣ кунанд
Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои вижаи Қирғизистон шаби 17-уми март як боғи иборат аз 400 бех зардолуро дар як минтақаи баҳсии марзи Тоҷикистону Қирғизистон решакан кардаанд. Неъмат Олимов, раиси хоҷагии деҳқонии “Чоркӯҳ” ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин боғ ба хоҷагии ӯ мансуб буд ва дар харитаҳо ҳамчун қаламрави Тоҷикистон дарҷ шудааст.
НУҚТАИ БАҲС МИЁНИ ДУ ҲАМСОЯКИШВАР
Марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Ботканди Қирғизистон аз нуқоти ҳассос ва баҳсбарангези марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, бори аввал соли 1989, ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ ба маҳзи даргирии байни сокинони ду сӯи марз, ки се кушта ба ҷо гузошт, вирди забонҳо шуд.
Дар он айём ҳатто раҳбарони вақти ду кишвар Қаҳҳор Маҳкамов ва Абдусамад Масолиев аз ин маҳалли даргирӣ боздид ва ҷонибҳои низоъро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.
Аммо тайи, инак, 22 соле, ки аз он рӯёрӯии аввал ва се соле, ки аз охирин даргирии байни сокинони ду тарафи ин марз мегузарад, то ҳол як роҳҳалли муносиб барои ҳамаи ҷонибҳои ин низоъ таҳия нашуда, баҳси заминҳои марзии Исфара ҳамчунон ба як бушкаи боруте мемонад, ки ҳар як шарора метавонад боис ба дигарбора аланга гирифтанаш шавад.