Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашнвораи "Наврӯз-2011" бо намоиши "Рӯдакӣ" шурӯъ шуд


6 апрел
Дар Душанбе имрӯз ҷашнвораи театрҳои касбии “Наврӯз-2011” шурӯъ шуд, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, ба 20-солагии истиқлолияти ин кишвар ихтисос ёфтааст.

Барои ширкат дар ин озмуни театрӣ ҳайатҳои эҷодии кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон гирди ҳам омаданд.

Ҷашнвора имрӯз дар театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо намоиши “Рӯдакӣ” аз рӯи пиесаи Сотим Улуғзода шурӯъ хоҳад шуд. Ин намоишнома барандаи озмуни имсолаи театрҳои Тоҷикистон “Парасту-2011” гардидааст.

Ва имрӯз тамошобинон ҳамчунин бо ҳунари театри "Овора"-и Туркманистон аз рӯи асари Уилям Шекспир "Лир" шинос хоҳанд шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG