Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ кӣ бояд дифоъ кунад?


Акбар ва ҳудуди 300 сокини Тоҷикистонро як ширкати ватанӣ ба Русия барои кор бурда, ба ваъдаҳои додааш вафо накардааст.

Акбар мегӯяд, кормандони ширкат ба онҳо дар Душанбе ҷои кору маош ва хобгоҳи хуб ваъда карда буданд, аммо ин ҷо он ваъдаҳо фаромӯш шудааанд: «Вақте он ҷо рафтем, гапҳо ба амал рост нагирифтанд. Ду моҳ кор кардем ва 3 ҳазори русӣ гирифтем. Хӯрокашон безеб, ҷои хобашон-хунук. Ҳаммом қариб 500 метр дур."

Ин танҳо ҳодисаи фиреб хӯрдани муҳоҷирини тоҷик дар Русия нест. Қаблан низ ҳамчунин маворид рух медоданд. Нуктаи муҳим дар ин қисса ин аст, ки ба мушкили Акбар ва низ дигар муҳоҷирини меҳнатии аз сӯи ширкатҳо фирефташуда ягон мақом дар Тоҷикистону Русия расидагӣ накардааст.

ҲИМОЯТГАРИ МУҲОҶИР КИСТ?

Созмони ҷамъиятии Маркази ҳуқуқи инсон дар Душанбе барои ҷалби таваҷҷӯҳи мақомот ва СММ ба ҳамчунин мушкилоти муҳоҷири меҳнатӣ ба омода кардани як гузориши алтернативӣ барои Кумитаи ҳуқуқи муҳоҷирини СММ шурӯъ кардааст.

Нодира Абдуллоева, ҳамоҳангсози барномаи муҳоҷирати ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар қиёс бо гузориши ҳукумат, ин як гузориши мустақил хоҳад буд ва барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирин дар сатҳи байнулмилалӣ ва миллӣ кӯмак хоҳад кард. Вай афзуд: «Дар гузориши ҳукуматӣ сухан аз бархе мушкилот меравад, аммо баъзе лаҳзаҳо сарфи назар мешаванд. Масалан, мушкили оилаҳои муҳоҷирин, ки ин ҷо мемонанд. Оилаҳо вайрон мешаванд ва сарнавишти заноне, ки бо чанд фарзанд бидуни бесаробон мемонанд ва ба як қишри осебпазири ҷомиа табдил меёбанд. Ҳукумат бояд барои ин қишр таваҷҷӯҳ зоҳир кунад ва барномаҳои вижаро рӯи даст гирад.»

Мушкили дигар, ба қавли хонум Абдуллоева, дастрас нашудани иттилоъи расмӣ барои муҳоҷирин аз сӯи ҳукумат аст, ки ҳоло тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ пиёда мешавад. Вай афзуд, муҳоҷирин то баромадан аз кишвар бояд донанд, ки ба куҷо мераванд ва чӣ кор хоҳанд кард, аммо ин кор аз сӯи ширкату созмонҳое амалӣ мешавад, ки пасон бидуни кафолати ҳукуматӣ боиси саргардонии муҳоҷирин мешаванд.

"ПУШТИБОН"-ҲО НИЁЗ БА ПУШТИБОНӢ ДОРАНД

Азалхон Алимов, аз Маркази мусоидат ба муҳоҷирини Хуҷанд мегӯяд, созмонҳои ғайриҳукуматӣ бо бурсҳои созмонҳои хориҷӣ, бахусус Созмони ҷаҳонии муҳоҷират фаъолият мекунанд: «Грант ҳаст, фаъолият ҳаст, вақте грант тамом мешавад, амалан кор нест. Он вақт агар ба офис мардум муроҷиат кунанд, қабул мекунем, аммо реклама карда наметавонем ва имконияти ба ноҳияҳо рафта, бо муҳоҷирин вохӯрдан ҳам намешавад.»

Ҳамасола тибқи иттилоъи расмӣ, то 1 миллион ва ғайрирасмӣ, бештар сокинони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ, умдатан ба Русия мераванд. Тибқи иттилои созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ҳудуди 70% дарсади онҳо мавсимиянд. Тибқи иттилои ин манобеъ, ҳамасола то 5 ҳазор нафар аз Русия истирдод мешаванд, ҳудуди 12 ҳазор нафар дар он кишвар оила барпо мекунанд, ки иддае ҳам ин ҷо оила доранд.

"ПУШТИБОНИ МУҲОҶИРОН БОЯД ҲУКУМАТ БОШАД"

Коршиносон мегӯянд, мушкилоти умдаи муҳоҷират қабл аз ҳама пастии маърифати ҳуқуқӣ ва истирдоди муҳоҷирин аз сӯи мақомоти Русия ва низ оилаҳои таркшудаи онҳо дар Тоҷикистон аст. Ба қавли онҳо, ин мушкилотро қабл аз ҳама ҳукумати кишвар бояд ҳал кунад, на созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки бо бурсҳои созмонҳои хориҷӣ кор мекунанд. Теъдоди ин гуна марокиз дар Тоҷикистон шаш адад аст.

Нодира Абдуллоева мегӯяд, маҳз ба ин мушкилот дар гузориши ҳукуматӣ ба СММ, посухҳои рӯшан гуфта намешаванд. Вай афзуд, барои омода шудани гузориши алтернативӣ дар бораи муҳоҷират, то ба ҳол 14 созмони ғайриҳукуматӣ кӯмаки худро пешниҳод кардаанд.

Тоҷикистон соли 2003 Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатӣ ва оилаҳои онҳоро имзо кардааст. Ҳукумати кишвар мебоист ҳар чор сол ба Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини СММ дар бораи амалӣ шудани ин эъломия гузориш омода мекард. Аммо гузориши аввалин моҳи декабри соли гузашта пешниҳод шудааст.

ДАР ИНТИЗОРИ ГУЗОРИШИ АЛТЕРНАТИВӢ?

Ҳайдар Қодиров, раҳбари гурӯҳи омода кардани ин гузориш мегӯяд, гузориш баъд аз муҳокима бо созмонҳои дохиливу байнулмилалӣ ба СММ пешниҳод шуд: «Созмонҳо ба мо чандин суолро матраҳ карданд, аз ҷумла дар бораи мушкилоти мавҷуда. Мо бар пояи қонунгузории кишвар ба онҳо посух додем. Яъне масъалаҳое ҳастанд, ки тавассути қонунгузории кишвар бояд ҳалли худро ёбанд. Масъалаҳое ҳастанд, ки дар қонунгузорӣ ҳанӯз сабт нашудаанд. Масалан, созмонҳо мегӯянд, ки бояд адвокатураи бепул бошад. Ин имконро мо надорем. Яъне ин бояд дар буҷет пешбинӣ шавад, ки дар оянда хоҳад шуд. Пас аз баррасиҳо мо гузоришро ба СММ пешниҳод кардем.»

Оқои Қодиров гуфт, агар бо рӯи кор омадани як гузориши алтернативӣ мушкил ҳал шавад, хеле хуб мешавад. Нодира Абдуллоева мегӯяд, марҳалаи омода кардани гузориши алтернативӣ дар бораи амалӣ шудани Эъломияи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо аз моҳи апрел шурӯъ шуда, тобистони соли равон ба анҷом мерасад ва эҳтимолан баҳори соли 2012 дар СММ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG