Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз нахуствазири Британия аз Покистон боздид мекунад


Дэвид Камерон
Дэвид Камерон
Имрӯз боздиди якрӯзаи Дэвид Камерон-нахуствазири Британия аз Покистон оғоз мешавад. Вазорати корҳои хориҷаи Покистон гуфтааст, ҳадафи боздиди нахуствазири Британия “беҳбуди музокироти стротегӣ” мебошад. Ин боздид бо даъвати Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири Покистон анҷом мегирад. Ин боздиди барномарезишуда баъд аз 9 моҳи моҷарои дипломатӣ анҷом мегирад. 9 моҳи пеш Камерон дар ҷараёни боздидаш аз Ҳиндустон гуфта буд, аносире дар Покистон аз “судури террор” ҷонибдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG