Пулиси Қазоқистон як мардеро, ки варақаи тарғиботӣ барои Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурро оташ задааст, ба авбошӣ муттаҳам кард. Пулиси шаҳри Павлода дар шимоли Қазоқистон гуфт, ки ин ҳодиса дар рӯзи интихобот сеюми апрел ба вуқӯъ пайваст, ки дар ин интихобот Нурсултон Назарбоев пирӯз шуд. Ба гуфтаи Андрей Кравченко, намояндаи додситонӣ дар остонаи интихобот, 77 варақа ва шиорҳои тарғиботии Нурсултон Назарбоев оташ зада ва ё хароб карда шудаанд ва дар робита ба ин 13 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Нурсултон Назарбоеви 70-сола, ки 20 сол бо дар Қазоқистон ҳукумат мекунад, дар интихоботи рӯзи якшанбе ба гуфтаи Кумиссиёни Марказии Интихобот, 95 дар сади раъйи мардумро ба даст овард.