Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба интихоботи Қазоқистон


Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон вокунишҳоро дар пай доштааст.

Бархе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон интихоботи қабл аз мӯҳлати президентии Қазоқистонро танқид карда, онро натиҷаи худкомагӣ хондаанд.

Вокунишҳо ба интихоботи президентии Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00


Вале гурӯҳҳори дигар мутмаинанд, ки натиҷаи ин интихобот ҳаққи ҳалоли Нурсултон Назарбоев аст ва он таъсире ба кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, нахоҳад дошт.

Раҳматулло Зойиров
Раҳматулло Зойиров, раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар вокуниш ба интихобот мегӯяд: "Менталитети шарқӣ боз як бори дигар мавқеи худро устувор мекунад. Афроди нисбатан демократӣ мисли Нурсултон Назарбоев, вақте ба муносибатҳои коррупсионӣ амиқ фурӯ рафтанд, дигар берун шуда наметавонанд. Имрӯз Нурсултон Назарбоев худро дар дигар ҳолат, яъне ҷуз президенти Қазоқистон, тасаввур карда наметавонад. "



Сайфулло Сафаров
Аммо ба назари Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон: "Нурсултон Назарбоев пеши роҳи тамоми умр ҳукмронӣ карданро гирифт. Нагузошт, ки раъйпурсии умумӣ шаваду вай тамоми умр соҳиби мансаби президентӣ гардад. Фикри мо ин аст, ки агар Назарбоев дар ин интихобот пирӯз шуд, пас, ин интихоботи мардуми Қазоқистон аст. Мо онро эҳтиром мекунем. Бовар дорам, ки ин сабаби оромӣ ва сулҳ дар Қазоқистону минтақа ҳоҳад гашт. Зеро Нурсултон Назарбоев, новобаста аз дурудароз будани ҳокимияташ, кӯшиш кард шароитҳоеро, ки барои мардумаш лозиманд, фароҳам оварад. Дар Қазоқистон камбудиҳо низ ҳастанд, вале дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Қазоқистон муваффақиятҳои зиёде дошт."



Аммо Усмон Солеҳ, масъули бахши равобит бо ҷомеаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, мегӯяд: "Фикр намекунам, ки натиҷаи ин интихоботи Қазоқистон ба кишварҳои дигари ҳамсоя таъсире дошта бошад. Ҳар як ҷумҳурӣ вазъи сиёсиву иҷтимоии худро дорад. Аз ин рӯ, фикр намекунам, ки ба Тоҷикистон таъсире дошта бошад. Зеро дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ҳаст. Таъсири зиёд намерасонад."



Субҳи рӯзи душанбе, чаҳоруми апрел, Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, Нурсултон Назарбоев 95,5 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Сафорати Қазоқистон дар Душанбе низ мегӯяд, бештари шаҳрвандони ин кишвар, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба ҷонибдории Нурсултон Назарбоев раъй додаанд.

Ба қавли манобеи ин сафорат, дар маъракаи овоздиҳӣ 150 нафар, аз ҷумла коркунони сафорат ва аҳли хонаводаи онҳо, донишҷӯёну тоҷирони қазоқ раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG